Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
хатаре ҷасим тақаллуд намуд, пас одоб ва вазоифи он нигоҳ бояд дошт.
Вазифати аввал шафқат аст бар мутааллимон ва эшонро ба масобати писарон доштан. Қола-н-набию – алайҳи-ссалом: «Иннамо ано лакум мислу-л-волиди ливаладиҳи».
Чи қасди ӯ раҳонидани эшон аст аз оташи охират ва он муҳимтар аст аз раҳонидани модару падар фарзанди худро аз оташи дунё. Ва бад-ин сабаб ҳаққи устод бузургтар аз ҳаққи модару падар аст, чи падар сабаби вуҷуди ҳозир ва ҳаёти фонӣ аст ва агар муаллим набошад, он чи аз падар ҳосил шудааст, ба ҳалоки доим пайвандад ва ҷуз муаллим [касе] нест, ки муфиди ҳаёти ухравии доим аст, ай, муаллими илмҳои охират ё муаллими илмҳои дунё бар нияти охират, на ба қасди дунё. Ва аммо таълим ба нияти дунё ҳалок шудан ва ҳалок гардонидан аст – наузу би-л-Лоҳи минҳу.
Ва чунон ки ҳаққи писарони як мард он аст, ки якдигарро дӯст доранд ва дар мақосид ёрӣ кунанд, ҳаққи шогирдони як устод ҳам дӯстии якдигар аст. Ва ҷуз чунин набошад, агар мақсуди эшон охират бувад ва ҷуз ҳасаду
буғзи якдигар ҳосил нашавад, агар мақсуди эшон дунё бошад. Чи уламо ва абнои охират мусофиронанд сӯи ҳазрати
Бори таъоло ва соликони тариқи зӣ Ӯ ва дунёву солҳо ва
моҳҳои он манзилҳои роҳ аст ва мурофақати роҳ миёни
мусофирон, ки ба шаҳрҳо раванд сабаби маваддату маҳаббат аст. Пас, сафар сӯи Фирдавси аъло ва мурофақат дар
роҳи он чӣ гуна бувад? Ва дар саодати охират тангӣ нест
ва бад-он сабаб миёни абнои охират мунозаат набошад. Ва
дар саодати дунё фарохӣ нест, бад-он мӯҷиб аз музоҳамат
холӣ намонад. Ва моилон сӯи талаби риёсат ба илм аз
мӯҷиби ин оят, ки «Иннама-л-мӯъминуну ихватун» хори-
1 Ҳуҷурот, 49:10.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо