Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
чанд ва дар муқтазои ин оят: «ал-Ахиллоу явмаизин баъ-зуҳум либаъзин адуввун илла-л-муттақин»1 — дохил.
Вазифати дуввум он ки иқтидо ба соҳиби шаръ кунад ва бар омӯхтани илм аҷре наталабад ва қосиди ҷазое ва шукре набусад, бал ба ҷиҳати ризои Худо омӯзад ва талаби тақарруб бад-Ӯ. Ва худро бар эшон миннате надонад, агарчи миннат бар эшон лозим бошад, бал фазл эшонро донад, чи дили худ покиза кардаанд то ту ба зироати илм дар он тақарруб намой ба Худои таъоло. Чунон ки касе замине ба ту орият диҳад то ту дар он ба ҷиҳати худ зироат кунӣ, зироате, ки суди ту аз он беш бувад, ки суди соҳиб-замин ва ту аз вай миннат тақаллуд кунӣ. Чи савоби ту дар таълим беш аз савоби мутааллим аст наздики Ҳаққ таъоло. Ва агар мутааллим набудӣ ту ин савоб наёфтӣ. Пас аҷр маталаб магар аз Худой – азза ва ҷалла. [95]
Қола таъоло: «Қул ло асъалукум алайҳи аҷран»2. Чи он чи дар дунёст, ходими тан аст ва тан маркаб ва матийяи нафс аст ва махдум илм аст, чи шарафи нафс бад-ӯст. Пас, ҳар кӣ ба илм мол талабад, ҳамчунон бошад, ки ба маҳосини худ кафи пой ва наълайн бимолад то пок шавад. Пас махдумро хизматкор карда бошад ва хизматкорро махдум. Ва ин нагусор3 афтодан аст бар торақи сар. Ва масали ӯ он аст, ки рӯзи арзи акбар бо муҷримон биистад. Чунон ки Худой – азза ва ҷалла – гуфтааст: «Ноқису руусиҳим инда Раббиҳим»4. Ва дар ҷумла, фазлу миннат муаллимрост.
Ва бинигар дар касоне, ки мегӯянд, ки мақсуди мо аз он чи дар онем аз илми фиқҳу калом ва тадрис дар он ва ғайри он тақарруб аст ба Худой – азза ва ҷалла – ки кори
1 Зухруф, 43:67.
2 Шӯро, 42:23.
3 Нагусор – нагунсор.
4 Саҷда, 32:12.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо