Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ғояташон ба ҷое расидааст, ки молу ҷоҳ базл мекунанд ва анвои мазаллат дар хидмати султон таҳаммул менамоянд барои итлоқи аҷрҳо. Ва агар онро бигузоранд, эшон ҳам гузошта шаванд ва касе бар эшон ихтилоф накунад. Пас, [муаллим аз мутааллим] таваккӯъ мекунад, ки дар ҳар ҳодисае ба масолеҳи вай қиём намояд ва дӯсти вайро ёрӣ кунад ва бо душмани ӯ душманоягӣ барзад ва барои итмоми ҳоҷот ва қазои автори ӯ мусаххару музаллал бошад. Ва агар дар ҳаққи вай тақсир кунад, хашм гирад ва аз бадтарин душманони вай шавад. Ва дар ғояти хасосат бошад олиме, ки бад-ин манзалат розӣ шавад ва бад-он шодӣ намояд. Пас шарм надорад аз он чи гӯяд: «Ғарази ман [аз] тадрис нашри илм аст барои қурбати Ҳаққ таъоло ва нусрати дини Ӯ!». Пас дар [аморот бинигар] то анвои игтиророт бинӣ.
Вазифати севвум он ки ҳеҷ дақиқа аз насиҳати мутааллим боқӣ нагузорад. Ва он бад-он бошад, ки вайро манъ кунад аз он чи қасди мартабае кунад, ки истеҳқоқи он надорад ва ба илми хафий машғул шавад пеш аз он ки аз илми ҷалий фориғ ояд. Пас танбеҳ фармояд вайро бар он ки талаби илмҳо қурбати Ҳаққ таъоло аст, на риёсату мубоҳоту мунофаса. Ва тақбеҳи онро дар нафси ӯ тақдим кунад ва дар он ба ақсалимкон бирасад, чи ислоҳи олими фосиқ беш аз ифсоди ӯ набошад. Ва агар аз ботини ӯ маълум шавад, ки талаби илми ӯ ҷуз барои дунё нест, бинигар, ки чӣ илм металабад. Агар илми хилоф дар фиқх ва ҷадал дар калом ва фатовӣ дар хусумот [ва аҳком] талабад, аз он манъ кунад. Чи ин улум аз он илмҳоест, ки дар он гуфтаанд: «Таъалламна-л-илма лигайри-л-Лоҳи фааба-л-илму ан якуна
1 Ихтилоф – омаду шуд.
2 Автор – (ҷамъи ватар), ниёзмандиҳо, комҳо.
3 Игтирор - фирефтагӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо