Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
илло ли-л-Лоҳи». Илм ба ҷиҳати ғайри Худой омӯхтем, аммо илм ибо намуд, ки ҷуз Худойро бошад. Ва он нест магар илми тафсиру ҳадис ва он чи мутақаддимон бад-он машғул буданд ва илми охират ва шинохтани хӯйҳои нафс ва кайфияти таҳзиби он? Чи толиб чун инро биёмӯзад ба нияти дунё боке набошад, ки вайро бигузоранд то биёмӯзад, чи тамаи он чи панд [96] диҳад ва мардумонро тобеи хеш гардонад, вайро дар он боис ва муҳарриз бошад. Валекин дар аснои кор ва охир онро бидонад, чи дар ӯ илмҳоест, ки аз он тарси Ҳаққ таъоло ва хории дунё ва бузургдошти охират ҳосил шавад ва зуд бошад, ки он ба савби савоб расонад то панд пазирад бад-он чи дигареро панд диҳад. Ва дӯстии ҷоҳ ва қабули халқ чун донае дар ҳаволии дом бошад, ки ба воситаи он мурғ дар дом ояд. Ва Борӣ таъоло бо бандагон ҳамин кардааст, ки дар эшон шаҳват офаридааст, то ба василати он насл боқӣ монад ва дӯстии ҷоҳ низ офаридааст, то сабаби эҳёи илмҳо шавад.
Ва ин дар илмҳо, ки гуфтем, мутаваққеъ тавонад буд. Ва аммо хилофи маҳз ва муҷодалаи калом ва маърифати фарҳҳои ғариб, агар бар он иқтисор кунӣ ва аз илмҳои дигар рӯй бигардонӣ, ҷуз қасвати дил ва ғафлат аз Ҳаққ таъоло ва ниҳоят гумроҳӣ ва талаби ҷоҳ наёрад магар онро, ки Ҳаққ таъоло ба раҳмати худ тадоруке фармояд ё ғайри он аз илмҳои динӣ бар он биёмӯзад. Ва ҳеҷ бурҳон бар ин чун таҷриба ва мушоҳада нест. Пас бинигар ва ибрат гир ва басират талаб, то таҳаққуқи он дар ибоду билод мушоҳада кунӣ. «Ва-л-Лоҳу-л-мустаъон».
Ва Суфёни Савриро андӯҳгин диданд, пурсиданд, ки мӯҷиби андӯҳ чист? Гуфт: «Бозоргоҳ ва тиҷоратҷои абнои дунё шудаем, яке аз эшон [фанне] лозим мегирад, то чун биёмӯхт, амале ва қазоие ва қаҳрамоние тақаллуд намояд».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо