Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Вазифати чаҳорум ва он аз дақоиқи синоати таълим аст, ки мутааллимро аз бадхӯй то имкон дорад ба тариқи таъриз боздорад, на ба тасреҳ ва аз рӯи раҳмат, на аз роҳи сарзаниш, чи тасреҳ пардаи ҳайбат бардаронад ва бар иқтиҳоми мухолафат далер гардонад ва ҳирси исрор барангезонанд. Чи Пайғамбар, ки роҳнамои ҳамаи мутааллимон аст, фармудааст: «Лав муниҳа-н-носу ан фатти-л-баҳри лафаттуҳу ва қолу: мо нуҳийно анҳу илло ва фиҳи шайун». Агар мардумонро аз шикастани пишки шутур боздоранд, ҳаройина бишкананду гӯянд: «Боздошти мо аз он нест ҷуз барои нафъе, ки дар шикастани он аст». Ва қиссаи Одаму Ҳавво ва он чи аз он манҳӣ будаанд, туро бар ин танбеҳ кунад. Чи он бар афсона нагуфтаанд, бал танбеҳест бар сабили ибрат. Ва фоидае дигар дар таъриз он аст, ки нафсҳои фозил ва зеҳнҳои закиро ба истинботи маъонии он моил гардонад ва шодии дарёфти маънии он рағбат орад дар кардани он, то дониста шавад, ки он маъnӣ аз он нест, ки аз зиракии ӯ ғоиб шавад ва пӯшида монад.

Вазифати панҷум он ки мутакаффили баъзе аз илмҳо набояд, ки илмҳоеро, ки варои он аст, дар дили мутааллимон зишт гардонад. Чун муаллими луғат, ки одати ӯ такбеҳи фиқҳ аст ва муаллими фиқҳ, ки одати ӯ такбеҳи тафсиру ҳадис аст, ки он нақли маҳзу самоъ аст ва он кори золон бошад ва ақлро дар он назаре нест ва муаллими калом, [97] ки аз фиқҳ бирамонад ва гӯяд: «Он фаръ аст ва суханест дар ҳайзи занон, пас чӣ монад ба сухане, ки дар сифати Раҳмон бошад». Ва ин хӯйҳои накӯҳидаи муаллимон аст; аз он дур бояд буд. Бал мутакаффили як илм бояд, ки тариқи тааллум дар ҷуз он бар мутааллим восеъ дорад. Ва агар мутакаффили илмҳо бошад, бояд ки риояти тадриҷ кунад дар нақли мутааллим аз мартабае ба мартабаи баландтар.

пешина
аз 567
навбатӣ