Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Вазифати шашум он ки бар миқдори фаҳми мутааллим иқтисор намояд ва бо вай чизе нагӯяд, ки ақли ӯ бад-он нарасад ва ӯро бирамонад ва ақли ӯро муҳаббат гардонад, аз роҳи иқтидо ба Саиди башар – алайҳи-с-салом – ки мефармояд: «Наҳну маъошира-л-анбиёи умирно ан нунзила-н-носа манозилаҳум ва нукаллима-н-носа ало қадри уқулиҳим». Мо гурӯҳи пайғомбарон, маъмурем бад-он чи мардумонро дар манозили эшон фурӯд оварем ва сухан бар андозаи ақли эшон гӯем. Ва чун донад, ки ба фаҳми он мустақил аст, сирри ҳақиқат бо вай ошкоро кунад. Қола – алайҳи-с-салом: «Мо аҳадун юҳаддису-н-носа биҳадисин ло яблуғуҳу уқулуҳум илло кона фитнатан ало баъзиҳим». Ҳеҷ кас бо мардумон сухане, ки ақли эшон ба фаҳми он нарасад, нагӯяд, ки на мӯҷиби фитна бошад бар баъзе аз эшон. Ва Алӣ – разия-л-Лоҳу анҳу – гуфт ва ишорат ба синаи худ кард: «Инна ҳоҳуно улуман ҷамматан лав ваҷадту лаҳо [ҳамалатан]». Ин ҷо илмҳои бисёр аст, агар [ҳомилони] он биёбам. Ва ин сухан сидқи маҳз аст, чи дилҳои аброр манзилҳои асрор аст.

Пас, набояд ки олим ҳар чӣ донад онро фош гардонад ва ба ҳар кас бирасонад. Ва он [ҷое] бошад, ки мутааллим дарёбад ва аҳли интифоъ набошад. Пас, чӣ гуна бувад он ҷо, ки дарнаёбад? Ва Исо – алайҳи-с-салом – гуфт: «Ло туаллику-л-ҷавоҳира фи аъноқи-л-ханозир». Ҷавоҳир дар гардани хукон мабандед, ки ҳикмат беҳ аз гавҳар ва қароҳиятдорандаи он батар аз хук. Ва ба ҷиҳати ин гуфтаанд, ки барои ҳар бандае ба паймонаи ақли ӯ бояд паймуд ва ба тарозуи илми ӯ бояд сахт¹. Ва олимеро аз чизе пурсиданд, ҷавоб нафармуд. Соил гуфт: «Сухани Пайғомбар шунидай «Ман кона катама илман нофиъан ҷоа явма-л-қиёмати мулҷаман билиҷомин мин нор?» Олим гуфт: «Лигом бигзору бирав! Агар касе ояд, ки вайро нофеъ бошад ва ман на-

1 Сахтан – санҷидан.

пешина
аз 567
навбатӣ