Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
гӯям, гӯ маро лигом кун». Ва қавли Ҳақ таъоло: «Ва ло тӯъту-с-суфаҳоа амволакум»1. Танбеҳ аст бар он ки нигоҳдошти илм аз касе, ки вайро зиён дорад, авло. Ва зулм дар додани номустаҳиқ кам аз он нест, ки дар манъи мустаҳиқ. Шеър:
Фаман манаҳа-л-ҷуҳола илман азоъаҳу,
Ва ман манаҳа-л-муставҷибина фақад залама.
Вазифати ҳафтум он ки бар мутааллими қосир сухане рӯшан лоиқи фаҳми ӯ [98] илқо кунад. Ва нагӯяд, ки варои он тадқиқест, ки онро аз вай нигоҳ медорад, чи он рағбати ӯ дар сухани рӯшани лоиқ суст кунад ва дили ӯро мушавваш гардонад ва дар хаёл орад, ки бар вай заннат2 мекунад, чи ҳар касе чунон пиндорад, ки ӯ аҳли ҳамаи илмҳои борик ҳаст. Ва ҳеҷ кас нест, ки на ӯ дар камоли ақли худ аз Ҳаққ таъоло розист ва аҳмақтар ва заифақлтари мардумон шодонтари эшон аст ба камоли ақли худ. Ва бар ин бидонӣ, ки оммие, ки дар қайди шаръ аст ва эътиқоди салаф дар дили вай бе ташбеҳ ва бе таъвил устувор, эътиқоди ӯро мушавваш набояд кард, [бал] ӯро бо пешаи ӯ бибояд гузошт. Чи агар таъвилоти зоҳир бо вай гуфта ояд, банди авомм аз ӯ гушода шавад ва ба банди хавосс муқайяд нагардад ва садде, ки миёни ӯ ва маосӣ бувад, бархезад ва деве ситанбах3 шавад, ки худро ва дигаронро ҳалок кунад. Бал набояд ки бо авомм дар ҳақоиқ хавз равад, бал бар омӯхтани ибодот ва ростӣ дар синоате, ки дар садади онанд, бо эшон иқтисор бояд намуд ва дили эшон ба умеди биҳишт ва бими оташ машҳун гардонид, чунон ки Қуръон бад-он нотиқ аст. Ва бар эшон шубҳате тақрир набояд
1 Нисо, 4:5.
2 Заннат – бухл кардан, дарег кардан.
3 Ситанбах – дуруштҳайкал, ситезакунанда.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо