Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
кард, чӣ бисёр бошад, ки дар дилашон биёвезад ва ҳалли он асир1 шавад ва бад-он бадбахт шаванд ва ҳалок гарданд. Ва дар ҷумла, боби баҳс [бар] авом набояд кушод, чӣ пешаҳои эшон, ки қивоми халқ бад-он аст ва давоми маишати хавосс аз он, муаттал шавад.
Вазифати ҳаштум он ки ба илми худ кор кунад ва такзиби қавли худ ба феъли худ раво надорад. Чӣ илм ба басоир дониста шавад ва амал ба абсор ва арбоби абсор бештаранд. Ва чун амал мухолифи илм бошад, монеи рушд шавад. Ва ҳар кӣ чизе тановул кунад ва мардумонро гӯяд, ки тановул макунед, ки заҳри муҳлик аст, бар вай бад-он афсус кунанд2 ва ӯро муттаҳам доранд ва ҳирси эшон бар он зиёдат шавад ва гӯянд, агар на он астӣ, ки он хуштар ва лазизтари чизҳост, онро барои худ нагузидӣ. Ва масали муаллими муршид бо мустаршид, масали нақш аст бо гил ва масали чӯб бо соя. Ва гил чӣ гуна нақш пазирад аз чизе, ки дар он нақш набувад ва сояи рост аз чӯби каҷ чӣ гуна ҳосил ояд? Ва барои ин гуфтаанд.
шеър
Ло танҷа ан хулқин ва таътӣ мислаҳу,
Орун алайка изо фаъалта азиму.
Аз хӯйе бозмадор бо он чӣ мулобиси онӣ,
Ки он бар ту оре азим аст.
Ва Ҳаққ таъоло гуфт: «Атаъмуруна-н-носа би-л-бирри ва тансавна анфусакум»3. Мардумонро некӯӣ мефармоед ва худро фаромӯш мекунед. Ва ба сабаби он гуноҳи олим дар
1 Асир – душвор.
2 Афсус кардан – ришханд карданд.
3 Бақара, 2:44.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо