Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
боби шашум
ДАР ОФОТИ ИЛМ ВА БАЁНИ АЛОМОТИ УЛАМОИ ОХИРАТ ВА УЛАМОИ БАД
[АЛОМОТИ УЛАМОИ БАД]
Он чӣ дар фазоили илм ва уламо ворид шудааст, ёд кардем. Ва дар уламои бад ташдидоти азим омадааст, ки далел мекунад, ки сахтазобтарини халқ рӯзи қиёмат олиме бошад, ки аз илм вайро суде набувад. Ва яке аз муҳиммоти бузурги маърифат аломатест, ки фориқ бошад миёни уламои дунё ва уламои охират. Ва ба уламои дунё уламои бадро мехоҳем, ки мақсуди эшон аз илм танаънум аст ба дунё ва расидан ба ҷоҳ ва манзалат наздики аҳли он.
Қола-н-набию — алайҳи-с-салом: «Инна ашадда-н-носи азобан явма-л-қиёмати олимун лам янфаъҳу-л-Лоҳу биилмиҳ».
Ва қола — алайҳи-с-салом: «Ло якуну-л-маръу олиман ҳатто якуна биилмиҳи омилан». Мард олим набушад, то он гоҳ, ки ба илми худ кор накунад.
Ва қола — алайҳи-с-салом: «ал-Илму илмон: илмун ала-л-лисони фазолика ҳуҷҷату-л-Лоҳи ало ибни Одам ва илмун фи-л-қалби фазолика-л-илму-н-нофеъ». Илм ду аст: яке илми забон, ки он бар мардум ҳуҷҷат аст ва дуввум илми дил ва илми судманд он аст.
Ва қола — алайҳи-с-салом: «Якуну фи охири-з-замони уббодун ҷуҳҳолун ва уламоу фуссокун».
Ва қола — алайҳи-с-салом: «Ло татаъалламу-л-илма литубоҳу биҳи-л-уламоа ва литумору биҳи-с-суфаҳоа ва ли-тусрифу вуҷуҳа-н-носи илайкум, фаман фаъала золика

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо