Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

фаҳува фи-н-нори». Ай, илм барои муфохараи уламо ва моирои суфаҳо ва гардонидани рӯи мардумон сӯи худ маё-мӯзед ва ҳар кӣ он бикунад, дар оташ бувад.

Ва қола – алайҳи-с-салом: «Ман катама илман индаҳу улҷима билиҷомин мин норин». Ай, ҳар кӣ илме наздики вай бошад, бипӯшад, лигоме аз оташ ба даҳони вай кунанд.

Ва қола – алайҳи-с-салом: «Лаано мин ғайри-д-Даҷ-ҷоли ахвафу алайкум мина-д-Даҷҷол». Ай, ман аз ғайри Даҷҷол бар шумо тарсонтар аз онам, ки аз Даҷҷол. Пурсиданд, ки он чист? Гуфт: «Аимматун музиллун». Пешравони гумроҳкунанда.

Ва қола – алайҳи-с-салом: «Ман аздода илман ва лам яздад худан, лам яздад мина-л-Лоҳи илло бӯъдан». Ай, ҳар киро илм зиёдат шавад ва равиши рост на, аз Ҳаққ таъоло ҷуз дурӣ зиёдат нашуда бошад.

Ва Исо – алайҳи-с-салом – гуфт: «То кай барои шаб-равон сифати роҳ кунед ва шумо бо мутаҳаййирон [100] иқомат гузида».

Ва ин аҳодис ва ахбор дигар далел аст бар он ки ха-тари илм бузург аст. Ва олим иммо ба ҳалоки абад расад ва иммо ба саодати абад. Ва ба ҳавзи илм аз саломат маҳрум монад, агар саодат наёбад.

Ва аммо осор, Умар – разия-л-Лоҳу анҳу – гуфт: «Ин-на ахвафа мо ахофу ало ҳозиҳи-л-уммати ал-мунофиқу-л-алим». Ҳоилтар¹ чизе, ки бар ин уммат метарсам, мунофиқи бисёрдон аст. Гуфтанд: «Чӣ гуна бисёрдон бувад?» Гуфт: «Алиму-л-лисони ҷохилу-л-қалби ва-л-амали». Ай, ба забон бисёрдон бувад ва ба дилу амал нодон. Ва Ҳасан гуфт: «Аз он ҷумла мабош, ки илми уламо ва тароифи ҳукамо ҷамъ кунанд ва дар амал чун сафиҳон бошанд». Ва марде Бӯҳурайраро гуфт: «Мехоҳам, ки илм омӯзам ва аз изоати² он

¹ Ҳоил – тарсовар, ҳавлнок.
² Изоат – зоеъ кардан, талаф кардан, табох сохтан, ночиз кардан.

пешина
аз 567
навбатӣ