Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

метарсам». Фармуд: «Кафо битаркика-л-илма изоъатан лаҳ». Тарки ту илмро изоате тамом аст барои он. Ва Иброҳими [Уқба]1-ро пурсиданд: «Кадом кас пушаймонтар?» Гуфт: «Дар дунё некӯкунанда ба ҷои2 носипос ва ба вақти марг олими муқассир».

Ва Халил Аҳмад гуфт: «Мардон чаҳор қисманд: Яке он ки бидонад ва бидонад, ки медонад. Ӯ олим аст, пасрави ӯ бошед.

Ва дуввум он ки бидонад ва надонад, ки медонад. Ӯ хуфта аст, вайро бедор кунед.

Ва севвум он ки надонад ва донад, ки намедонад. Ӯ мустаршид аст, вайро биёмӯзед.

Чаҳорум он ки надонад ва надонад, ки намедонад. Ӯ ҷоҳил аст, даст аз ӯ бардоред».

Ва Саврӣ гуфт: «Илм амалро овоз диҳад, агар иҷобат кард фаҳувалмурод ва илло биравад». Ва Ибни Муборак гуфт: «Мард олим аст то дар талаби илм аст ва чун пиндошт, ки олим шуд ҷоҳил бошад». Ва Фузайл гуфт: «Маро бар се кас раҳмат ояд: азизе, ки хор шавад ва тавонгаре, ки дарвеш гардад ва олиме, ки дунё аз вай бозӣ оварад»³, ва ин байт ривоят кардаанд:

Аҷибту лимубтоъи-з-залолати би-л-ҳудо,
Ва ман яштарӣ дунёҳу би-д-дини аъҷабу.

Ай, харидори гумроҳӣ ба роҳи рост аҷиб аст,
Ва харидори дунё ба дин аҷибтар.

Ва Пайғомбар — алайхи-с-салом — гуфт: «Инна-лолима

пешина
аз 567
навбатӣ