Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

юаззабу азобан ятифу биҳи аҳлу-н-нори истиъзоман лишиддати азобиҳи». Олимро азобе кунанд, ки аҳли оташ гирди вай дароянд ба тариқи истеъзом ва тааҷҷуб аз сахтии азоби вай. Ва бад-ин олими фосиқро хостааст.

Ва Усома ибни Зайд аз вай1 ривоят кард: «Юъто би-л-олими явма-л-қиёмати фаюлқо фи-н-нори фатандалику ақтобуҳу фаядуру биҳо камо ядуру-л-ҳимору фи-р-раҳо, фаятуфу биҳи аҳлу-н-нори фаяқулуна: мо лака? Фаяқулу: кунту омуру би-л-хайри ва ло отиҳи, [101] ва анҳо ани-ш-шарри ва отиҳи». Ай, олимро рӯзи қиёмат биёранд ва дар оташ андозанд, пас рӯдагони вай берун ояд ва ӯ чун хари ос онро бигардонад, пас аҳли оташ гирди вай дароянд ва гӯянд: «Туро чӣ афтодааст?» ӯ гӯяд, ки некӣ фармудаме ва накардаме ва аз бадӣ боздоштаме ва бикардаме. Ва таъзифи2 азоби олим бад-он аст, ки бо илм бар маъсият иқдом намудааст.

Ва ба ҷиҳати ин Ҳаққ таъоло гуфт: «Инна-л-мунофиқина фи-д-дарки-л-асфали мина-н-нор»3 бад-он чи эшон пас аз илм инкор карданд. Ва ҷуҳудонро батар аз тарсоён кард, бо он чи Худойро фарзанд исбот накарданд ва солиси салоса нагуфтанд, валекин пас аз шинохт Муҳаммадро инкор карданд, чунон ки гуфт: «Яърифунаҳу камо яърифуна абноаҳум»4. Ва гуфт: «Фаламмо ҷоаҳум мо арафу, кафару биҳи»5. Ва дар ҳаққи Балъами Боуро6 гуфт: «Ватлу алайҳим набаа-л-лазӣ отайноҳу оётино фансалаха минҳо»7 то он ҷо ки «фамасалуҳу камасали-л-калби». Ва ин олими фосиқ -

1 Пайғамбар.
2 Тазъиф – дучандон кардан, музоаф кардан.
3 Нисо, 4:145.
4 Бақара, 2:146.
5 Бақара, 2:89.
6 Балъам (Балъом) ибни Боуро аз сулолаи Нӯҳ – алайҳи-с-салом – яке аз олимон ва зоҳидони машҳури сарзамини Байнуннаҳрайн.
7 Аъроф, 7:175.

пешина
аз 567
навбатӣ