Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
[рост], чӣ Балъам бо он чӣ китоби илоҳӣ ёфта буд ба шаҳват майл кард ва мулозими он шуд. Пас, вайро ба саг монанд карданд. Эй, яксон аст — ҳикмат диҳӣ вайро ё надиҳӣ, ташнаи шаҳват бошад.
Ва Исо гуфт: «Олимони бад чун саҳраанд бар даҳанаи ҷӯе, на бад-он манфаате гирад ва на бигзорад то об ба кишт расад». Ва масали уламои бад чун корези мустароҳ аст, ки зоҳири он гач аст ва ботини он ҳаст он чӣ ҳаст ва чун гӯрҳо, ки зоҳири он ободон аст ва ботини он пури устухони мурдагон.
Ва ин ахбору осор баён мекунад, ки олими дунёвӣ хасисҳолтар ва сахтазобтар аз ҷоҳил бошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо