Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

[АЛОМОТИ УЛАМОИ ОХИРАТ]

Ва растагорони муқарраб уламои охират[анд] ва эшонро аломот аст:

Яке он ки ба илм дунё наталабанд, чи камтар дараҷоти олим он аст, ки ҳақорату ҳиссат1 ва тирагиву нопойдории дунё ва бузургиву ҳамешагӣ ва сафои наиму ҷалолати мулки охират бишносад ва бидонад, ки ин ҳар ду зиддонанд ва чун ду анбоганд2, ки ҳар гоҳ якеро хушнуд кунӣ дигареро озурда бошӣ; ва чун ду пиллаи тарозуанд, ки чун яке гарон шавад, дигарӣ сабук гардад; ва чун машриқу магрибанд, ки агар ба яке наздик шавӣ аз дигаре дур бошӣ; ва чун ду қадаҳанд, ки яке пур бошад ва дигарӣ тиҳӣ ва ба андозаи он чи аз пур дар тиҳӣ резӣ аз пур кам шавад. Чи ҳар кӣ ҳақорату тирагии дунё ва омехтагии лаззати он ба дард ва нопойдории он чи аз ӯ софӣ бошад надонад, ӯ фосидулақл аст, чи мушоҳада ва таҷриба бад-он роҳ менамояд. Ва касе, ки ақл надорад, чӣ гуна аз уламо бошад? Ва ҳар кӣ бузургии кори охират ва ҳамешагии он надонад, ӯ кофире маслубулимон аст. Пас касе, ки имон надорад, чӣ гуна аз уламо бувад? Ва ҳар кӣ зиддияти дунё ва охират надонад ва фаҳм накунад, ки ҷамъи [102] миёни эшон тамаъе козиб аст, ба шариати кулли анбиё ҷоҳил аст, бал ба Қуръон – мин аввалиҳи ило охириҳи – кофир. Пас ӯро чӣ гуна аз зумраи уламо тавон шумурд? Ва ҳар кӣ ҷумлаи ин бидонад, пас охиратро бар дунё ихтиёр накунад, ӯ асири шайтон аст ва шаҳват вайро ҳалок кардааст ва бадбахтӣ бар вай ғолиб гашта. Пас касе, ки дараҷаи вай ин бошад, чӣ гуна вайро аз уламо тавон гирифт?

1 Ҳиссат - фурӯмоягӣ, пастӣ.
2 Анбог - Ҳаву, зане, ки бо зан ë занони дигар дар шавҳар муш­тарак бошад.

пешина
аз 567
навбатӣ