Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Ва дар ахбори Довуд аст — ҳикоятан ани-л-Лоҳ — ки камтар чизе, ки бо олим кунам — чун шаҳвати худро бар дӯстии ман баргузинад — он аст, ки аз муноҷоти лазизи худ вайро маҳрум гардонам. Эй Довуд, аз ман мапурс олимеро1, ки масти дунёст, ки туро аз роҳи дӯстии ман бигардонид, эшон бар бандагони ман роҳ мезананд. Эй Довуд, чун ҷӯяндаи маро бибинӣ, хизматкори ӯ шав. Эй Довуд, ҳар кӣ гурехтаеро ба ман бозорад, номи ӯ дар чаридаи аъмоли гаҳбад2 сабт фармоем ва ҳар киро ин ном муайян фармудем, ҳаргиз ӯро азоб накунем. Ва ба ҷиҳати ин Ҳасан3 гуфт: «Уқубати олимон мурдани дил аст ва мурдани дил ҷустани дунёст ба амали охират». Ва барои ин Яҳё ибни Муози Розӣ гуфт: «Фарру баҳои илму ҳикмат наравад магар чун бад-он дунё талабӣ».
Ва Умар — разия-л-Лоҳу анҳу — гуфт: «Изо раайтуму-л-олима муҳиббан ли-д-дунё фаттаҳимуҳу ало диникум фаинна кулла муҳиббин яҳузу фимо аҳабба». Чун олимро муҳибби дунё бинед, дар дини худ вайро муттаҳам доред. Ай, ба зудӣ [бар вай] эътимод макунед, чи хавзи ҳар муҳиббе дар маҳбуби вай бошад. Ва Молики Динор гуфт: «Дар баъзе кутуб хондам, ки Ҳаққ таъоло гӯяд: «Осонтар чизе, ки бар олим кунам, чун дунёро дӯст дорад он аст, ки ҳаловати муноҷот аз дили ӯ берун барам». Ва марде ба бародари худ навишт, ки ту илме ёфтаӣ, нури илми худро ба торикии гуноҳ мунтафӣ магардон, чи дар торикӣ монӣ рӯзе, ки олимон дар нури илми худ раванд. Ва Яҳёи Муози Розӣ гуфтӣ: «Эй асҳоби илм, қасрҳои шумо қайсарист ва хонаҳои шумо кисравӣ ва ҷомаҳо тоҳирӣ4 ва мӯзаҳо ҷолу-
1 Дар бораи олиме.
2 Гаҳбад — (муарраби он ҷаҳбаз), наққоди огоҳи доно.
3 Шарҳи Забидӣ: Ҳасан ибни Алӣ ибни Абитолиб ва наздиктар ба воқеъ он аст, ки қавли Ҳасани Басрӣ бошад.
4 Мансуб ба Абдуллоҳ ибни Тоҳир ибни Хусайн ал-Вазир, ки дар баландии ҷома гулувв мекард. (Шарҳи Забидӣ).

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо