Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
тӣ ва маркабон қорунӣ ва овандҳо фиръавнӣ ва маътамҳо1 ҷоҳилӣ ва мазҳабҳо шайтонӣ, пас муҳаммадӣ куҷост?». Ва шоир гуфтааст:
Ва роъи-ш-шоти яҳми-з-зиъба анҳо,
Факайфа изо-р-руъоту лаҳо зиобу.
Ай, шубон гӯсфандонро аз гург нигоҳ дорад, пас чун гург шубон шавад, чӣ гуна бошад? Ва гуфтаанд, шеър:
Ё маъшара-л-куррои ё милха-л-балад,
Мо юслиху-л-милҳа иза-л-милҳу фасад?
Ай, эй гурӯҳи уламо, шумо ба масобати намакед, чӣ салоҳи мардумон ба шумост, чунон ки салоҳи таом ба намак. Чун намак табоҳ шавад, илоҷи он аз чӣ бувад?
Ва ориферо пурсиданд: «Аз касе, ки қуррати айни ӯ дунё бошад, [103] ту ҳукм кунӣ, ки вай Худойро нашносад?» Гуфт: «Ҳеҷ шак надорам дар он касе, ки дунёро бар охират баргузинад, ки вай Худойро нашносад ва2 ин ба бисёрӣ кам аз он аст». Ва гумон мабар, ки тарки мол дар расидан ба уламои охират басанда бошад, ки [ҷоҳ] зиёнкортар аз мол аст. Ва ба ҷиҳати ин Бишр3 гуфт: «Ҳаддасано» дарест аз дарҳои дунё ва чун аз марде шунавӣ, ки мегӯяд «ҳаддасано» бидон, ки ҷуз вусъати маишат наталабад». Ва Бишр беш аз даҳ қиматра4 ва қавсараи5 пури китоб дафн карда буд ва гуфтӣ: маро орзуи ривояти ҳадис мебошад ва агар орзуи ривоят аз ман бишавад, ривоят кунам. Ва ӯ ва дигаре гуфт, ки чун туро орзуи ривоят бошад,
1 Маътам — Ҳар анҷумане аз мардону занон дар шодиву андӯҳ.
2 Ва ҳол он ки.
3 Бишри Ҳофӣ.
4 Қиматра – китобдон.
5 Қавсара – занбил.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо