Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ривоят макун ва чун орзу любошад, ривоят кун. Ва ин бад-он аст, ки талаззузи ҷоҳи ифодат ва мансаби иршод бузургтар аз ҳамаи неъматҳои дунёст. Пас, ҳар кӣ дар он мунқоди орзуи худ бошад, аз абнои дунё бувад. Ва ба ҷиҳати ин Саврӣ гуфт: «Фитнаи ҳадис саъбтар аз фитнаи аҳлу молу фарзанд аст». Ва чӣ гуна бими фитнаи ӯ любошад, ки Худой — азза ва ҷалла — Сайиди башарро фармудааст: «Валав ло ан саббатнока лақад кидта тарқану илайҳим шайан қалилан»1. Агар на онастӣ, ки мо туро собит гардонидем, ҳаройина наздик шуда будӣ, ки андаке бад-эшон гарой.
Ва Саҳл2 гуфт: «Илм ҳама дунёст ва охират амал аст бар он ва амал ҳама ҳабоан мансуро3 аст, магар ихлос». Ва низ гуфт: «Мардумон мурдагонанд, магар уламо ва уламо мастонанд, магар омилон ва омилон мағруранд, магар мухлисон ва мухлисон дар тарсанд то хотимат чӣ бошад». Ва Бӯсулаймони Доронӣ4 гуфт: «Чун мард ҳадис талабад ё мутааҳҳил шавад, ё дар талаби маъош сафар кунад, ҳаройина ба дунё гароида бошад. Ва ба талаби ҳадис иснодҳои олӣ хостааст ё талаби ҳадисе, ки дар роҳи охират бад-он ҳоҷат набвад». Ва Исо — алайҳи-с-салом — гуфт: «Чӣ гуна [аз] аҳли илм бошад касе, ки [медонад] ба охират бояд рафт ва ӯ ба дунё иқбол намояд? Ва чӣ гуна олим бошад касе, ки сухан барои ихбор талабад, на барои амал?» Ва Солеҳи Ҳассони Басрӣ5 гуфт: «Машоихро ёфтам, ки аз фосиқ олими ба суннат боздошт хостандӣ ба Худой — азза ва ҷалла». Ва Бӯҳурайра аз Пайғомбар ривоят кард, ки «ман талаба
1 Исро, 17:74.
2 Абумуҳаммад Саҳл ибни Абдуллоҳи Тустарӣ, мутаваффо дар 283 ва ба қавле 273 ҳиҷрӣ.
3 Ҳабоан мансуро — гарди пароканда.
4 Абусулаймон Абдурраҳмон ибни Аҳмад ибни Атияи Доронӣ.
5 Дар Шарҳи Забидӣ: (ва қола Солеҳ ибни Ҳассон) Абулҳарс (ал-Басрӣ), қазо фи-н-нусах ва-с-савобу-н-назарӣ бифатҳи-н-нун ва-з-зоду-л-муъҷамату-л-муҳаррака мансуб ило Бани-н-Назир.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо