Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

илман миммо юбтағо биҳи ваҷҳу-л-Лоҳи лиюсиба биҳи ғаразан мина-д-дунё лам яҷид арфа-л-ҷаннати явома-л-қиёмати». Ай, ҳар кӣ илме талабад аз илмҳо, ки бад-он ризои Худой талабанд, то бад-он ғаразе аз дунё ҳосил кунад, рӯзи қиёмат бӯи биҳишт наёбад».

Ва чун Ҳаққ таъоло уламои бадро сифат кардааст, бад-он чи дунё ба воситаи илм хӯранд ва уламои охиратро ба хушӯъ ва зуҳд. Чунон ки дар уламои дунё гуфт: «Ва из ахаза-л-Лоҳу мисоқа-л-лазина уту-л-китоба латубаййинун-наҳу ли-н-носи, [104] вало тактумунаҳу фанабазуҳу вароа зуҳуриҳим ваштарав биҳи саманан қалилан, фабиқса мо яштарун»1. Ва дар уламои охират фармуд: «Ва инна мин аҳли-л-китоби ламан юъмин би-л-Лоҳи ва мо унзила илайкум ва мо унзила илайҳим хошиъина ли-л-Лоҳи ло яштаруна биоёти-л-Лоҳи саманан қалилан, улоика лаҳум аҷруҳум инда Раббиҳим, инна-л-Лоҳа сариъу-л-ҳисоб»2. Ва яке аз салаф гуфт: «Ҳашри уламо дар зумраи анбиё бошад ва ҳашри [кузот] дар ҷумлаи салотин. Ва ҳар фақеҳе, ки бад илм дунё талабад, ҳам дар маънии кузот бувад».

Ва Бӯдардо аз Пайғомбар – алайҳи-с-салом – ривоят карда, ки «авҳа-л-Лоҳу ило баъзи-л-анбиёӣ: кул ли-л-лазина ятафаққаҳуна лигайри-д-дини ва ятаъалламуна лигайри-л-амали ва ятлубуна-д-дунё биамали-л-охирати, ялбасуна ли-н-носи мусука-л-кибош ва қулубуҳум кақулуби-з-зиоби, алсинатуҳум аҳло мина-л-асали ва қулубуҳум [амарру] мина-с-сабри, ийёа юҳодиуна ва би ястаҳзиуна, лаутиҳунна3 лаҳум фитнатан тазару-л-ҳакима ҳайронан». Ай, Ҳаққ таъоло ваҳй фармуд ба яке аз анбиё, ки бигӯй ҷамоатеро, ки тафаққуҳ мекунанд, на барои дин ва тааллум мебарзанд, на барои амал ва дунё меҷӯянд ба кори охират, худро дар либоси

пешина
аз 567
навбатӣ