Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
нармиву инқиёд ба халқ менамоянд ва дилҳояшон чун дилҳои гургон аст, ба забон ширинтар аз ангубинанд ва ба дил талхтар аз сабир¹, ки маро мефиребанд ва бар ман афсус мекунанд, ҳаройина барои эшон фитнае муқаддар кунам, ки уқалову ҳукаморо ҳайрон гардонад.
Ва Заҳҳок² аз Ибни Аббос ривоят кард, ки Пайғомбар – алайҳи-с-салом – гуфт: «Уламоу ҳозиҳи-л-уммати рачулони: рачулун отоҳу-л-Лоҳу [илман фабазалаҳу] ли-н-носи ва лам яҳُзу алайҳи тамаъан ва лам яштари биҳи саманан фазолика юсалли алайҳи тайру-с-самои ва ҳитону-л-мои ва давоббу-л-арзи ва-л-кирому-л-котибун, юкдиму ала-л-Лоҳи таъоло явма-л-қиёмати саййидан шарифан ҳатто юрофиқа-л-мурсалин; ва рачулун отоҳу-л-Лоҳу илман фи-д-дунё фазанна биҳи ан ибоди-л-Лоҳи ва аҳаза алайҳи тамаъан ваш-таро биҳи саманан яъτӣ явма-л-қиёмати мулҷаман билиҷо-мин мин норин юнодӣ мунодин ало рууси-л-ашҳоди ҳозо фулону ибну фулонин отоҳу-л-Лоҳу илман фазанна биҳи ан ибоди-л-Лоҳи ва аҳаза биҳи [105] тамаъан ваштаро биҳи [саманан қалилан] юаззибу ҳатто яфраға мин ҳисоби-л-халқи». Ай, уламои ин уммат ду қисманд: яке он ки Ҳаққ таъоло вайро илм дод ва ӯ бетамаъеву баҳое ба мардумон расонид, ӯ он аст, ки мурғони ҳаво ва моҳиёни дарё ва ҷунбандагони замин ва кироми котибин дуои вай гӯянд ва омурзиши вай хоҳанд ва рӯзи қиёмат бо меҳтариву бузургӣ ба ҳазрати Ҳаққ таъоло расад то ба ҳадде, ки рафиқи мурсалон бувад. Ва дуввум он ки Худой – азза ва ҷалла – вай-ро илм бахшид ва ӯ бар бандагони Худой заннат барзид ва бар он тамаъе дошт ва баҳое ситад, дар рӯзи қиёмат бо ли-
1 Сабир – алво, сабири зард, ба фаронсавӣ «алоэ», ки ба ин ном машҳур аст.
2 Абулқосим ва ба қавле Абумуҳаммад Заҳҳок ибни Музоҳими Ҳилолии Хуросонӣ мутаваффӣ пас аз 100 ҳиҷрӣ, муҳаддис ва муфассир.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо