Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
гоми оташин ояд ва мунодӣ овоз медиҳад бар сари ҳозирон, ки ин фулон ибни фулон аст, Ҳаққ таъоло вайро илм дод, ӯ бар бандагони Худой заннат намуд ва дар банди тамаъу баҳо шуд ва то ба вақти фароғ аз ҳисоби халқ дар азоб бимонад. Ва саъбтар аз ин он аст, ки ривоят кардаанд, ки марде буд хидмати Мӯсо - алайҳи-с-салом - кардӣ ва мегуфтӣ: «Ҳаддасанӣ Мӯсо Сафиюллоҳ, ҳаддасанӣ Мӯсо Наҷиюллоҳ, ҳаддасанӣ Мӯсо Калимуллоҳ» то он гоҳ, ки тавонгар шуд ва молаш бисёр гашт. Пас вайро аз Мӯсо ғайбате афтод. Ва Мӯсо пайваста тафаккуд мефармуд ва аз вай асаре эҳсос намекард, то рӯзе марде ба хидмати вай расид - хуке ба даст гирифта ва расане сиёҳ дар гардани вай баста. Мӯсо аз вай пурсид, ки фулонро шиносӣ? Гуфт: «Оре, ӯ ин хук аст». Мӯсо гуфт: «Ё Рабб, аз ту мехоҳам, ки инро ба ҳоли худ бозгардонӣ, то аз вай бипурсем, ки ин бало аз чӣ сабаб ба вай расид?». Худой - азза ва ҷалла - ба вай ваҳй фиристод, ки агар ба дуои Одам ва ҳар кӣ ҷуз ӯст, маро бихонӣ дар ин маъNӣ, иҷобат нафармоям, валекин туро хабар кунам, ки чаро ба ҷойи вай ин кардам. Сабаб он буд, ки ӯ дунёро ба дин металабид.
Ва ҳоилтар аз ин он аст, ки аз Муози Ҷабал омадааст мавқуф ва дар ривояте марфӯъ, ки Пайғамбар - алайҳи-с-салом - гуфт: «Аз фитнаи олим яке он аст, ки гуфтанро дӯсттар аз шунидан дорад. Ва дар гуфтан ороиш ва афзунӣ аст ва гӯянда аз хато эмин натавонад буд ва дар хомӯшӣ саломату ғунм1 аст. Ва аз уламо баъзе, ки илми худ нигоҳ доранд ва нахоҳанд, ки аз ғайри эшон ёфта шавад, эшон дар даракаи аввал бошанд аз оташ. Ва ҷамоате худро дар илм ба манзалати салотин донанд ва агар чизе аз илми эшон бо эшон бозгардонида шавад ва ё чизе аз ҳаққи эшон [осон] гирифта ояд, дар хашм шаванд, ҷои эшон дар даракаи дуввум аст. Ва тоифае аҳли шарафу тавонгариро ба
1 Ғунм — ғанимат, суд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо