Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

илм ва ғароиби ҳадиси худ махсус кунанд ва асҳоби ҳоҷатро мустаҳиққи он надонанд, манзили эшон даракаи севвум бошад. Ва қавме мутаарризи мансаби фатво шаванд ва ба хато ҷавоб диҳанд ва Ҳаққ таъоло мутакаллифонро душман [106] дорад, мақоми эшон даракаи чаҳорум бувад. Ва гурӯҳе сухани ҷуҳудон ва тарсоён гӯянд то илми эшон бисёр намояд, эшон ба даракаи панҷум руҷӯъ кунанд. Ва фариқе илми худро сабаби муруввату наболат ва сият¹ миёни мардумон созанд, даракаи шашум макони эшон шавад.
Ва зумраеро кибру учб аз ҷой бибарад. Пас агар [худ] панд диҳанд, таъниф² кунанд. Ва агар эшонро панд диҳӣ, анфат³ намоянд, эшон ба даракаи ҳафтум раванд. Ва ту хомӯширо лозим гир, ки бар дев бад-он ғолиб шавӣ ва бипарҳез аз хандаи бе шигифт ва саъйи бе ҳоҷат».

Ва дар хабаре дигар аст, ки «инна-л-абда лаюншару лаху мина-с-санои [мо ямлау] мо байна-л-машриқи ва-лмағриби ва мо язину инда-л-Лоҳи ҷаноҳа баузатин». Ай, санои банда дар Шарқу Ғарб мунташир шавад ва ӯро дар ҳазрати Ҳаққ таъоло чанди пари пашшае вазн набошад. Ва омадааст, ки Ҳасани Басрӣ аз маҷлиси худ бозгашт, марде аз Хуросон бари вай кисае овард, ки дар он панҷ ҳазор дирам буд ва даҳто ҷомаи тунук ва гуфт: «Ин барои нафақа ва кисвати шумост». Ҳасан фармуд, ки нафақа ва кисвати худро бозбар, ки моро бад-он ҳоҷате нест. Ва ҳар кӣ чунин нишинад, ки ман нишастаам ва аз мардумон мисли ин ҳадияҳо қабул кунад, дар рӯзи лиқои Борӣ таъоло аз фазилати хулки муктасаб отил бошад»4.

¹ Сият — овозаву номи нек, зикри хайр, шӯҳрати некӯ.
² Таъниф — дуруштӣ кардан, бадуруштӣ сарзаниш кардан.
³ Анфат — (ба сукун ва фатҳи нун), кароҳат доштан, нангу ор доштан.
⁴ Дар Шарҳи Забидӣ: (лақия-л-Лоҳу азза ва ҷалла явма-л-қиёмати ва ло халоқа лаҳ), ай лоҳиз ва ло насиба лаҳ.

пешина
аз 567
навбатӣ