Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Ва аз Ҷобир1 ривоят кардаанд мавқуф ва марфӯъ, ки Пайғамбар – алайҳи-с-салом – гуфт: «Ло таҷлису инда кул-ли олимин илло олиман ядъукум мин хамсин ило хамсин: мина-ш-шакки ила-л-яқини ва мина-р-риёи ила-л-ихлоси ва мина-р-рағбати ила-з-зуҳди ва мина-л-кибри ила-т-тавозуъи ва мина-л-адовати ила-н-насиҳати». Ай, бо ҳар олиме муҷоласат макунед, магар бо олиме, ки шуморо аз панҷ чиз ба сӯи панҷ чиз хонад: аз шакк ба яқин ва аз риё ба ихлос ва аз рағбат ба зуҳд ва аз кибр ба тавозуъ ва аз адоват ба насиҳат.
Қола-л-Лоҳу таъоло: «Фахараҷа ало қавмиҳи фӣ зинатиҳ, қола-л-лазина юридуна-л-ҳаёта-д-дунё ё лайта лано мисла мо утия Қоруну иннаҳу лазу ҳаззин азим. Ва қола-л-лазина уту-л-илма вайлакум савобу-л-Лоҳи хайрун»2. Аҳли илмро ба исори охират бар дунё таъриф фармуд.
Ва дуввум он ки феъли ӯ мухолифи қавли ӯ набошад, бал ҳеҷ чизе нефармояд, ки на дар кардани он мубодарат намояд. Қола-л-Лоҳу таъоло: «Атаъмуруна-н-носа би-л-бирри ва тансавна анфусакум»3. Ва қола-л-Лоҳу таъоло: «Кабура мақтан инда-л-Лоҳи ан тақулу мо ло тафъалун»4. Ва дар қиссаи Шуайб5 гуфт: «Ва мо уриду ан ухолифакум ило мо анҳокум [107] анҳу»6. Ва қола-л-Лоҳу таъоло: «Ва-т-тақу-л-Лоҳа ва юъаллимукуму-л-Лоҳу»7, «Ва-т-тақу-л-Лоҳа ваъламу»8, «Ва-т-тақу-л-Лоҳа васмаъу»1.
1 Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ.
2 Қасас, 28:79-80.
3 Бақара, 2:44.
4 Саф, 61:3.
5 Шуайб, пайғамбаре аз насли Иброҳими Халил, алайҳи-с-салом, падарзани Мӯсо, алайҳи-с-салом.
6 Ҳуд, 11:88.
7 Бақара, 2:282.
8 Бақара, 2:194 ва панҷ ояи дигар аз ҳамин сура.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо