Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Мутарҷим мегӯяд, ки ин ҳар се оят мушъир аст ба тақдими тақво бар таҳсили илм.

Ва омадааст, ки Ҳаққ таъоло ба Исо ваҳй кард, ки эй писари Марям, худро панд деҳ, агар панд пазируфтӣ, он гоҳ мардумонро мавъизат кун ва илло аз ман шарм дор.

Ва қола — алайҳи-с-салом: «Марарту лайлата усрия бӣ биаквомин кона туқразу шифоҳуҳум бимақориза мин норин фақулту: ман антум? Фақолу: инно кунно наъмуру би-л-хайри ва лам нафъалуҳу». Ай, шаби меъроҷ бар гурӯҳе гузаштам, ки лабҳои эшон ба нохунпирои оташин бурида мешуд. Гуфтам: «Шумо киёнед?». Гуфтанд: «Мо некӯ фармудеме дигаронро ва худ накардеме».

Ва қола — алайҳи-с-салом: «Ҳалоку умматӣ олимун фоҷирун ва обидун ҷоҳилун. Ва шарру-ш-широри широру-л-уламои ва хайру-л-ҳиёри хиёру-л-уламои». Ай, ҳалоки уммати ман олими фосиқ ва обиди ҷоҳил аст. Ва бадтарини бадон уламои баданд ва беҳтарини некон уламои нек.

Ва Авзоӣ гуфт: «Новусҳои муғон аз натни ҷифаи эшон шикоят кард. Ҳаққ таъоло гуфт: «Ботини олимони бад аз он чӣ шумо шикоят мекунед, батар аст». Ва Фузайл гуфт, ки шунидаам, ки рӯзи қиёмат олимони фосикро пеш аз бутпарастон ба оташ баранд. Ва Бӯдардо гуфт: «Вой бар он кас, ки надонад, як бор ва бар он кас, ки донад ва бар он кор накунад, ҳафт бор». Ва Шаъбӣ гуфт: «Қавме аз аҳли биҳишт бар қавме аз аҳли оташ мутталеъ шаванд ва гӯянд, ки Ҳаққ таъоло моро ба фазли таъдиб ва таълими шумо ба биҳишт махсус кард. Шуморо кадом хислат дар оташ овард?» Эшон гӯянд: «Мо некӯ фармудеме ва накарде-

1 Моида, 5:108.
2 Абуамр Абдурраҳмон ибни Амр ибни Абиумари Авзоӣ мутаваффии 257 ҳиҷрӣ.
3 Новус — студон, гӯристони маҷус.
4 Натн - бӯи бад.
5 Ҷифа — мурдори бӯгирифта.

пешина
аз 567
навбатӣ