Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ме». Ва Ҳотими Асам гуфт: «Дар қиёмат ҳеҷ касро он ҳасрат набошад, ки шахсеро, ки илм омӯзад мардумонро ва эшон бар он кор кунанд ва ба сабаби он наҷот ёбанд ва ӯ бар он кор накунад ва бад-он ҳалок шавад». Ва Молики Динор гуфт: «Олиме, ки ба илми хеш кор накунад, панди ӯ аз дилҳо ҳамчунон билагзад, ки қатраи борон аз санги лашан1». Ва шоир гуфт:

Ё воъиза-н-носи қад асбахта муттаҳаман,
Из ибта минҳум умуран анта таътиҳо.

Ай, эй воизи мардумон, ту муттаҳам шудай бад-он чи айб мекунӣ корҳоеро, ки машғули онӣ. Ва дигаре гуфт:

Ло танҳа ан хулқин ва таътӣ мислаҳу,
Орун алайка изо фаъалта азимун.

Ин байт бо тарҷума собиқ шудааст2. Ва Иброҳими Адҳам гуфт: «Бар санге набишта дидам, ки маро бигардон то ибрат гирӣ, бигардонидам. Бар тарафи дигар набишта буд: он чи медонӣ бад-он кор намекунӣ, пас илми он чи намедонӣ, чаро [108] металабӣ?». Ва Ибни Самоқ3 гуфт: «Басо ёридиҳандаи Худой, ки вайро фаромӯш карда бошад ва басо тарсонанда аз Худой, ки бар вай далер бошад ва басо наздикгардонанда, ки аз вай дур бувад ва басо даъваткунанда ба Худой, ки аз вай гурехта бошад ва басо хонандаи оёти Худой, ки аз он беруншаванда бошад». Ва Иброҳими Адҳам гуфт: «Сухани басавоб мегӯем ва дар он ҳеҷ

1 Лашан — ба фатҳу каср ва сукуни шин, нарму лағзанда; санги лашан, санги соф.
2 Аз хӯе бозмадор бо он чӣ малобиси онӣ, ки он бар ту оре азим аст.
3 Абулаббос Муҳаммад ибни Сабиҳ мавлои Бани Аҷл ибни Самок (вафот 183 ҳиҷрӣ).

пешина
аз 567
навбатӣ