Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
лахне намеравад ва дар амал лаҳн мекунем ва дар он ҳеҷ савобе намебошад». Ва Авзой гуфт: «Чун муболағати эъроб омад, хушӯъ бишавад». Ва Макҳул аз Абдурраҳмони Ғанм ривоят кард, ки даҳ кас аз ёрони Пайғомбар – алайҳи-с-салом – гуфтанд, ки мо дар масҷиди Қубо илм мехондем, Пайғомбар аз хона берун омаду гуфт: «Таъалламу мо шиътум, ин таъламу фалан яъҷуракуму-л-Лоҳу ҳатто таъмалу». Ай, он чи мехоҳед биёмӯзед, то бар он кор накунед, аз Ҳаққ таъоло музд наёбед. Ва Исо – алайҳи-с-салом – гуфт: «Масали касе, ки илм омӯзад ва бар он кор накунад, масали зане бошад, ки пинҳон зино кунад ва ҳамл гирад ва чун ҳамл зоҳир шавад, расво гардад. Пас ҳамчунин касе, ки ба илми худ кор накунад, рӯзи қиёмат Ҳаққ таъоло вайро бар малаи халқ расво гардонад». Ва Муоз гуфт: «Битарсед аз заллати олим, чи қадри ӯ ба наздики мардумон бузург бошад ва дар заллат вайро мутобаат кунанд». Ва Умар – разия-л-Лоҳу анҳу – гуфт: «Изо залла-л-олиму залла бизаллатиҳи олимун мина-л-халқ». Ай, ба заллати олим оламе бар заллат афтад. Ва гуфт: «Салосун биҳинна яхдиму-з-замону». Ай, се чиз аст, ки инҳидоми рӯзгор бад-он аст. Яке аз он заллати олим аст.
Ва Ибни Масъуд гуфт: «Зуд бошад, ки рӯзгоре ояд, ки ширинии дилҳо дар он шӯрӣ пазирад, пас он рӯз аз илм интифое набувад, на олимро ва на мутааллимро ва дилҳои уламои эшон чун шӯристонҳо ва конҳои намак шавад, ки [чун] оби борон бар вай расад, онро узубате намонад. Ва ин он гоҳ бошад, ки дилҳои уламо ба дӯстии дунё ва гузидани он бар охират моил шавад. Пас Ҳаққ таъоло чашмаҳои ҳикмат аз эшон бозгирад ва чароғҳои ҳидоят дар дилашон интифо пазирад ва олими эшон чун туро бинад, ба забон ихбор кунад, ки аз Худой – азза ва ҷалла – метарсад ва фуҷур дар амали ӯ зоҳир бошад ва забонҳо он рӯз дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор