Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ғояти хасб бошад ва дилҳо дар ниҳоити қаҳт. Ва бад-он Худой, ки ҷуз Ӯ Худое нест, ки онро сабабе набошад, магар он ки таълими олимон ва тааллуми мутааллимон барои ғайри Худой бошад».
Ва дар Инҷил омадааст, ки илми он чи намедонед, маталабед, то он гоҳ, ки бар он чи медонед, кор кунед. Ва Ҳузайфа1 гуфт: «Шумо дар рӯзгоред, ки ҳар кӣ ушри илми худ бигзорад, ҳалок шавад ва зуд бошад, [109] ки рӯзгоре ояд, ки ҳар кӣ бар ушри илми худ кор кунад, наҷот ёбад. Ва ин ба сабаби бисёрии баттолон2 бошад».
Ва бидон, ки масали уламо масали қузот аст. Ва Пайғомбар — алайҳи-с-салом — гуфтааст: «ал-Қузоту салосатун: қозин қазо би-л-ҳаққи ва хува яъламу фазока фи-л-ҷаннати ва қозин қазо би-л-ҷаври ва хува яъламу ав ло яъламу фаҳумо фи-н-нор3». Ай, қозиён се қисманд: он ки ҳукм ба ҳақ кунад ва онро медонад, дар биҳишт бошад; ва он ки ҳукм ба ҷавр кунад дониста ва нодониста, ҳар ду дар оташ бошанд. Ва Каъб4 гуфт: «Дар охири замон олимон бошанд, ки мардумонро зуҳд фармоянд ва худ набарзанд ва битарсонанд ва натарсанд ва аз рафтани бари волӣён боздоранд ва бираванд ва дунёро бар охират ихтиёр кунанд ва вуҷӯҳи маишат аз забон сохта гардонанд ва бар илм ҳамчунон рашк баранд, ки занон бар мардон ва агар ҳамнишинони эшон бо ғайри эшон муҷолисат кунанд, дар хашм шаванд. Эшон ҷабборонанд ва Раҳмонро душмандорон».
Ва Пайғомбар — алайҳи-с-салом — гуфт: «Инна-ш-
1 Абуабдуллоҳ Ҳузайфа ибни Ямон, саҳобӣ (вафот 35 ҳиҷрӣ, чиҳил рӯз қабл аз шаҳодати Усмон). Дар ин китоб ҳар ҷо Ҳузайфа танҳо омада, мурод Ҳузайфа ибни Ямон аст.
2 Баттол - ёвагӣ.
3 Дар матни арабӣ: ... ва қозин қазо биғайриҳо амара-л-Лоҳу биҳи фаҳува фи-н-нор.
4 Абуисҳоқ Каъб ибни Мотен Ҳибр (маъруф ба Каъбулахбор), тобей ва аз яҳудиёни Ҳимяр, ки ба замони Умар ислом овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор