Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

шайтона руббамо сабақакум би-л-илми. Фақила: ё Расулаллоҳи ва кайфа золика? Қола: якулу утлуби-л-илма ва ло таъмал ҳатто таълама ва ло язолу фи-л-илми қоилан ва ли-л-амали мусаввифан ҳатто ямута ва мо амила». Ай басо, ки шайтон бар шумо ба илм сибқат намояд. Гуфтанд: «Он чӣ гуна аст?». Фармуд, ки гӯяд: «Талаби илм кун ва ба амал машғул машав, то аз илм фориғ набошӣ». Пас, ҳамеша дар илм хавз мекунад ва амал дар таъхир медорад, то он гоҳ ки амал нокарда бимирад.

Ва Сарийи Сақатӣ гуфт: «Марде дар талаби илми зоҳир ҳарис буд, вайро дидам барои тааббуд аз мардумон эътизол намуда, аз мӯҷиби он пурсидам. Гуфт: «Дар хоб аз гӯяндае шунидам: «То кай илмро зоеъ кунӣ, ки Худой туро зоеъ кунод!». Гуфтам: «Ман дар ҳифзи илм мекушам». Гуфт: «Ҳифзи илм амал кардан аст бар он». Бад-ин сабаб тарки талаби илм гирифтам ва дар амал иқбол намудам». Ва Ибни Масъуд гуфт: «Илм ба бисёрии ривоят нест, илм ба бисёрии ҳашят аст». Ва Ҳасан гуфт: «Биёмӯзед он чи мехоҳед, ба Худой, ки шуморо Худой музд надиҳад, то он гоҳ ки бар он амал накунед. Чи ҳиммати суфаҳо дар ривоят аст ва ҳиммати уламо дар риоят». Ва Молик гуфт: «Талаби илм ва нашри он хуб аст, агар нияти он саҳеҳ бошад, валекин бинигар мулозими ту аз бомдод то шабонгоҳ чист? Чизеро бар он ихтиёр макун». Ибни Масъуд гуфт: «Инзоли Қуръон барои кор кардан аст, шумо хондани онро амал сохтаед. Ва зуд бошад, ки гурӯҳе оянд, ки онро чун найзае рост кунанд ва эшон беҳинагони шумо набошанд. Ва олиме, ки амал накунад, чун беморе бошад наъти дору гӯяд ва чун гуруснае, ки таомҳои лазизро сифат кунад ва бо амсоли ӯ гуфта шавад: «Ва лакуму- [110] -л-вайлу миммо тасифун»¹.

Ва дар хабар аст: «Миммо ахофу ало умматӣ заллату-л-олими ва ҷидолу мунофиқин фи-л-Қуръон». Ва аз ҷумлаи

¹ Вой бар шумо аз он чи васф мекунед.

пешина
аз 567
навбатӣ