Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

он чӣ бар уммати худ метарсам, заллати олим аст ва ҷидоли мунофиқ дар Қуръон.

Севвум он ки инояти ӯ дар таҳсили илме бошад, ки дар охират судманд бувад ва дар тоат рағбат афзояд. Ва аз илмҳое, ки суди он андак бошад ва ҷадалу қилу қоли он бисёр, таҷаннуб намоед. Чӣ мисоли касе, ки аз илми амал рӯй бигардонад ва ба ҷадал машғул шавад, мисоли беморе бошад мубтало ба иллатҳои бисёр, ки табибе ҳозиқ ёбад дар вақти танг, ки аз фавти он битарсад ва аз он табиб хосияти хошокҳо ва доруҳо ва ғароиби тиб пурсад ва муҳимми худ, ки бад-он гирифтор аст, муҳмал гузорад. Ва ин маҳзи сафоҳат бошад.

Ва дар ривоят аст, ки марде ба хидмати Пайғомбар — алайҳи-с-салом — омаду гуфт: «Маро ғароиби илм омӯз». Пайғомбар фармуд: «Мо санаъта фӣ раъси-л-илми». Гуфт: «Сари илм чист?». Фармуд: «Ҳал арафта-р-Рабба?». Гуфт: «Оре». Фармуд: «Ва мо санаъта фӣ ҳаққиҳӣ?» Ай, дар гузорди ҳаққи Вай чӣ ба ҷой овардай? Гуфт: «Он чӣ Худой хостааст». Фармуд: «Ҳал арафта-л-мавта?» Гуфт: «Оре». Фармуд: «Фамо аъдадта лаҳ?». Барои он чӣ сохтай? Гуфт: «Он чӣ машияти Худой аст». Фармуд: «Изҳаб фааҳким мо ҳунолика, сумма таҷола нуъаллимука ғароиба-л-илми». Бирав он чӣ он ҷо кор ояд, устувор кун, пас биё то туро ғароиби илм биёмӯзам.

Бал, тааллум чунон бояд, ки аз Ҳотими Асам шогирди Шақиқи Балхӣ омадааст, ки Шақиқ вайро гуфт: «Чанд гоҳ аст, ки бо мо мусоҳабат дорӣ?» Гуфт: «Сиву се сол». Фармуд, ки дар ин муддат аз ман чӣ омӯхтай? Гуфт: «Ҳашт масъала». Шақиқ гуфт: «Инно ли-л-Лоҳи ва инно илайҳи роҷиъун. Умри ман бо ту сипарӣ шуд ва ту беш аз ҳашт масъала наёмӯхтӣ?» Ҳотим гуфт: «Беш аз ин наёмӯхтаам ва дӯст надорам, ки дурӯғ гӯям». Фармуд, ки ин ҳашт масъала

пешина
аз 567
навбатӣ