Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
тақрир кун то бишнавам. Ҳотим гуфт:
Масъалаи аввал: Дар халқ нигоҳ кардам ҳар касро маҳбубе дидам, ки то лаби гӯр бо вай мурофақат кунад ва чун ба гӯр расид, муфорақат гузинад. Пас, ман ҳасанотро маҳбуби худ кардам, то дар гӯр мувофақати ман намояд ва бе маҳбуб намонам. Фармуд: «Аҳсант, ё Ҳотим».
Масъалаи дуввум кадом аст? Гуфт: «Дар сухани Ҳаққ таъоло назар кардам: «Ва аммо ман хофа мақома Раббиҳи ва наҳа-н-нафса ани-л-ҳаво. Фаинна-л-ҷанната ҳия-л-маъво»1. Ва донистам, ки ҳақ аст, дар дафъи ҳаво кӯшидам, то нафси ман бар тоат қарор гирифт».
Севвум: Дар халқ нигаристам, дидам, ки ҳар кӣ чизе меёфт, ки онро [111] қимате ва миқдоре бошад, бармедошт ва дар ҳифзи он мекӯшид. Пас дар сухани Худой дидам: «Мо индакум янфаду ва мо инда-л-Лоҳи боқин»2. Ва ҳар гоҳ, ки чизе маро ба даст [ояд], ки онро қадру қимате бошад, дар ҳазрати Ҳаққ таъоло фиристодам, то барои ман он ҷо боқӣ бимонад.
Чаҳорум: Ҳар кас, ки аз мардумон дидам, ки ба молу ҳисоб ва шарафу нисбат руҷӯъ мекард, ман дар он тааммул кардам, донистам, ки чизе нест ва дар қавли Худой нигаристам: «Инна акрамакум инда-л-Лоҳи атқокум»3. Пас, кор ба тақво кардам, то дар ҳазрати Ҳаққ таъоло карим бошам.
Панҷум: Халқро дар таҳқиру лаъни якдигар ёфтам ва асли он ҳама аз ҳасад буд. Пас дар қавли Худой — азза ва ҷалла — тафаккур кардам: «Наҳну қасамно байнаҳум маъишатаҳум фи-л-ҳаёти-д-дунё»4. Ҳасад бигзоштам ва донистам, ки Ҳаққ таъоло қисмат кардааст ва тарки душманоягии халқ гирифтам.
1 Нозиот, 79:39-40.
2 Наҳл, 16:96.
3 Ҳуҷурот, 49:13.
4 Зухруф, 43:32.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор