Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Шашум: Мардумон дар бағю корзори якдигар дидам, пас ба қавли Ҳаққ руҷӯъ кардам: «Инна-ш-шайтона лакум адуввун фа-т-таҳизуху адувван»1. Пас, вайро танҳо душман гирифтам ва дар ҳазар кардан аз вай кӯшидам, бад-он чи Ҳаққ таъоло бар адовати вай гувоҳӣ додааст ва даст аз адовати халқ бидоштам.
Ҳафтум: Ҳар якеро аз халқ дидам, ки ин кисра2 металабад ва бад-он сабаб худро хор мегардонад ва дар ғайри ҳалол шурӯъ мекунад. Пас, дар қавли Ҳаққ таъоло фикрате воҷиб донистам: «Ва мо мин доббатин фи-л-арзи илло ала-л-Лоҳи ризқуҳо»3. Ва донистам, ки ман ҳам аз он ҷумлаам, ки ризқи эшон бар Худой аст, пас бад-он чи Худойро бар ман аст машғул шудам ва он чи маро наздики вай аст бигузоштам.
Ҳаштум: Баъзеро бар зайъат мутаваккил ёфтам ва баъзеро бар тиҷорат ва баъзеро бар пеша ва баъзеро бар тандурустӣ ва ҳар офаридаеро дидам бар офаридае таваккул карда. Пас ба қавли Ҳаққ таъоло: «Ва мо ятавақкал ала-л-Лоҳи фаҳува ҳасбуҳу»4 руҷӯъ кардам ва бар вай мутаваккил шудам, ки Ӯ маро басанда аст.
Шақиқ гуфт: «Эй Ҳотим, Ҳаққ таъоло тавфиқи ту доим дорад, ки ман дар илми Тавроту Инҷил ва Забуру Қуръони азим назар кардам, мадори он[ҳо] бар ин ҳашт масъала аст. Ҳар кӣ бар он кор кунад, бар чаҳор китоб кор карда бошад».
Ва ин фаннест аз илм, ки уламои охиратро дар идрок ва дарёфти он эҳтимом бошад. Ва аммо уламои дунё бад-он чи молу ҷоҳ касб тавон кард машғул шаванд ва амсоли ин илмҳоро, ки беъсати анбиё барои он буд, муҳмал гузо-
1 Фотир, 35:6.
2 Кисра - Қитъае аз чизе шикаста ва хурдшуда, пораи нон.
3 Худ, 11:6.
4 Сураи «Талоқ», 65:3.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор