Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ранд. Ва Заҳҳоки Музоҳим гуфт: «Салафро чунон дарёфтам, ки таълими эшон аз якдигар набуд, магар ба вараъ ва имрӯз сухан меомӯзанд».

Чаҳорум он ки сӯи тавассуъ дар таом ва танаъум дар ҷома ва таҷаммул дар матоу хона моил набошад, бал дар кулли он миёнаравӣ гузинад ва ташаббӯҳ ба салаф кунад ва моил бошад бар он чи дар кулли он [112] бар андактаре иқтисор намояд. Ва ҳар чӣ ба қиллат моилтар, ба Худой наздиктар ва дар уламои охират дараҷаи ӯ баландтар. Ва шоҳид ин аст, он чи ки аз Бӯабдуллоҳи Хаввос – ки шогирди Ҳотими Асам буд – ривоят кардаанд, ки бо Ҳотим ба Рай рафтам ва бо мо сесаду бист мард буданд қосиди ҳаҷ ва кулоҳҳои пашмини дароз бар сар доштанд ва бо эшон на таоме буд ва на анбоне. Бари марде аз бозаргонон, ки мутақашшиф¹ буд ва дӯстдори дарвешон, рафтем ва ӯ он шаб моро меҳмон дошт ва бомдод Ҳотимро гуфт: «Бо ман коре ҳаст, ки ман азми он дорам, ки фақеҳе беморро иёдат кунам». Ҳотим гуфт: «Иёдати беморро фазл аст ва дидани фақеҳ ибодат, ман низ бо ту мувофақат кунам». Ва ин бемор Муҳаммади Муқотил буд – қозии Рай – ва чун ба дари ӯ расидем, даре хубу баланд дидем. Ҳотим мутафаккир шуд ва гуфт: «Дари олим бар ин ҳол бошад?» Пас, ба ҳукми дастурӣ² пой бар сарой ниҳодем: саройе бо фарохӣ ва вусъат дидем, бо ҷомаҳо ва пардаҳо, тафаккури Ҳотим зиёдат шуд. Пас, дар маҷлисе рафтем, ки вай он ҷо буд. Бистарҳои нарм дидем, қозӣ бар он ҷо хуфта ва ғуломе бо магасрон наздики сараш истода. Розӣ бинишаст ва расми пурсиш иқомат намуд ва Ҳотим истода буд. Ибни Муқотил ба вай ишорат фармуд, ки бинишин. Гуфт: «Нанишинам».

¹ Мутақашшиф — зоҳиди хушк, марди тангзист, марди шикебо ба кути рӯзгор.
² Дастурӣ — иҷоза.

пешина
аз 567
навбатӣ