Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Қозӣ гуфт: «Шояд ҳоҷате дорӣ». Гуфт: «Оре». Қозӣ гуфт: «Чист?» Гуфт: «Масъалае аз ту бихоҳам пурсид». Қозӣ гуфт: «Бипурс». Ҳотим гуфт: «Бархезу рост бинишин то бипурсам». Ӯ рост бинишаст. Ҳотим гуфт: «Ин илм аз куҷо гирифтай?» Гуфт: «Сиқот ба ман расонидаанд». Гуфт: «Аз кӣ?» Гуфт: «Аз саҳобаи Пайғомбар – алайҳи-с-салом». Гуфт: «Эшон аз кӣ?» Гуфт: «Аз Пайғомбар – алайҳи-с-салом». Гуфт: «Пайғомбар аз кӣ?» Гуфт: «Аз Ҷабраил [ва ӯ] аз ҳазрати Борӣ – субҳонаҳу ва таъоло». Ҳотим гуфт: «Дар он чӣ Ҷабраил аз Ҳаққ таъоло ба Пайғомбар расонидааст ва Пайғомбар ба саҳоба ва саҳоба ба сиқот ва сиқот ба ту, ҳеҷ шунидай, ки ҳар кӣ дар сарои худ амире бошад ва вусъати ӯ бештар бувад, манзалати ӯ дар ҳазрати Ҳаққ таъоло бузургтар шавад?» Гуфт: «Не». Гуфт: «Чӣ гуна шунидай?» Гуфт: «Шунидаам ҳар кӣ дар дунё зоҳид бошад ва дар охират роғиб ва дарвешонро дӯст дорад ва кори охират тақдим кунад, ӯро дар ҳазрати Худой манзалат бувад». Ҳотим гуфт: «Пас ту иқтидо ба кӣ кардай? Ба Пайғомбар ва саҳобаи вай ё Фиръавну Намруд, ки аввал касе буданд, ки аз гачу хишт бино карданд? Эй олимони бад, ҷоҳиле, ки ҳарис бошад бар дунё ва роғиб дар он, [чун] мисли шуморо бинад, гӯяд: «Олим бар ин ҷумла аст, мо батар аз вай набошем». Ин бигуфт ва берун омад ва бемории Ибни Муқотил зиёдат шуд.

Ва аҳли Рай он моҷаро бишниданд, Ҳотимро гуфтанд, ки Танофисӣ¹ – қозии Қазвин – моли беш аз ин дорад. Ҳотим амдан қасди Қазвин кард ва бари ӯ рафту гуфт: «Ман марде аҷамиям, мехоҳам, ки мабдаи дин ва мифтоҳи намоз маро биёмӯзӣ, ки барои намоз чӣ гуна обдаст кунам».

¹ Танофисӣ мансуб ба Танфаса (ба фатҳу замму касри то – густардани, бурёйе аз барги хурмо) ва шӯҳрати се бародар (Абӯҳафс Умар, Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ва Абӯюсуф Яъло); Танофисии матн зоҳиран рабте ба ин се надорад.

пешина
аз 567
навбатӣ