Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Гуфт: «Фармонбардорам». Ва аз ғулом ованди об хост ва бинишаст ва аъзои вузуро сегон бор бишуст ва гуфт: «Ҳам бар ин ҷумла обдаст кун». Ҳотим гуфт: «Ту бар ҷои худ бинишин то ман пеши ту обдаст кунам, ки он ба ҳусули муроди ман наздиктар». Гуфт: «Фармонбардорам». Ҳотим пеши ӯ бинишаст ва вузу сохт ва бозӯҳо чаҳор бор бишустӣ. Танофисӣ гуфт: «Исроф кардӣ». Гуфт: «Дар чӣ чиз?» Гуфт: «Бозӯҳо чаҳор бор бишустӣ». Ҳотим гуфт: «Субҳоналлоҳ! Ман дар як мушт об, ки зиёдат бирехтам исроф кардам! Ту дар ҷамъи ин ҳама асбоб исроф накардаӣ?» Танофисӣ донист, ки мақсуди ӯ омӯхтан набуд. Ва дар хона даррафт ва чиҳил рӯз берун наёмамад.

Ва чун Ҳотим ба Бағдод расид, аҳли Бағдод бар вай ҷамъ шуданд ва гуфтанд: «Ту марде аҷамиӣ ва шикастазабонӣ ва ҳеҷ кас бо ту сухан намегӯяд, ки на мункатеъ мешавад». Гуфт: «Маро се хислат аст, ки бад-он бар хасм зафар ёбам: яке он ки ба исобати ӯ шод бошам; дуввум он ки ба хатои ӯ ғамгин шавам; севвум он ки нафси худро нигоҳ дорам, то бар вай сафоҳате накунад».

Ин сухан ба Аҳмади Ҳанбал расид. Гуфт: «Субҳоналлоҳ, чӣ оқил касест! Маро бари ӯ баред». Пас чун ба вай расид, пурсид, ки саломат аз дунё чист? Гуфт: «Эй Бӯабдуллоҳ, аз дунё нараҳӣ магар ба чаҳор хислат: сафоҳати мардумонро даргузорӣ ва сафоҳати худ аз эшон бардорӣ ва моли худ бад-эшон бахшӣ ва дар моли эшон тамаъ накунӣ. Чун бар ин ҷумла бошӣ, бираҳӣ».

Пас, сӯи Мадина рафт ва аҳли Мадина истиқбол карданд. Пурсид, ки ин кадом Мадина аст? Гуфтанд: «Мадини Пайғамбар». Гуфт: «Кӯшки Пайғамбар куҷост, то дар ӯ намоз гузорам?» Гуфтанд: «Пайғамбарро кӯшке набуд, хонае буд паст». Гуфт: «Кӯшҳои саҳоба куҷост?» Гуфтанд: «Эшонро ҳам кӯшқҳо набуд, хонаҳои паст буд». Гуфт: «Пас ин мадинаи Фиръавн бошад, ай, ба сабаби ин биноҳои рафеъ, ки мебинам».

пешина
аз 567
навбатӣ