Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Вайро бигирифтанд ва бари волӣ бурданд ва гуфтанд: «ин аҷамӣ чунин мегӯяд, ки ин мадинаи Фиръавн аст!». Волӣ пурсид, ки чаро чунин мегӯй? Ҳотим гуфт: «Таъҷил набояд кард, ман марде аҷамӣ-ям, аз эшон пурсидам, ки ин мадинаи кист?» Гуфтанд: «Мадинаи Пайғомбар». Гуфтам: «Кӯшки Ӯ куҷост?» То охири қисса бозгуфт. Пас гуфт: «Чун Ҳаққ таъоло мефармояд: «Лақад кона лакум фи Расулиллоҳи усватун ҳасанатун»1. Пас шумо ба кӣ иқтидо кардаед? Ба Пайғомбар ё ба Фиръавн, ки ӯ аввал касе буд, ки аз гачу хишти пухта бино сохт». Чун ин сухан бишуниданд, вайро бигузоштанд.
Ин ҳикояти Ҳотим аст. Ва аз сирати салаф он чи шоҳиди ин тавонад буд аз бадҳолӣ ва тарки таҷаммул, дар мавозеи он бихоҳад омад. Ва таҳқиқ дар ин боб он аст, ки ороиши мубоҳ ҳаром нест, валекин ҳавз кардан дар он мӯҷиби унс гирифтан аст бо он то ба ҳадде, ки тарки он душвор шавад. Ва истидомати [114] ороиш имкон надорад ҷуз ба мубошарати он асбоб, ки дар ғолиби амр аз мурооти он иртикоби маъсӣ лозим ояд аз мудоҳанат ва мурооти мардумон ва риё ва дигар корҳо. Ва ҳушёрӣ дур будан аст аз он чи ҳар кӣ дар он ҳавз кунад, албатта саломат намонад ва агар бо ҳавз саломат муяссар шудӣ, Пайғомбар дар тарки дунё муболағат нафармудӣ, то ба ҳадде, ки пероҳани [мутаррази2] мӯълам3 бикашид ва ангуштарии зар дар аснои хутба бияндохт ва ғайри он ки бихоҳад омад.
Ва дар ҳикоят аст, ки Яҳё Язиди Навфалӣ4 ба Молики Анас бинавишт: «Бисми-л-Лоҳи-р-раҳмони-р-раҳим, ва салла-л-Лоҳу ало Муҳаммадин фи-л-аввалина ва-л-охирин. Мин Яҳё ибни Язид ибни Абдулмалик ило Молик ибни Анас.
1 Аҳзоб, 33:21.
2 Мутарраз – нақшу нигордода, хошиядор.
3 Мӯълам – мунаққаш ва мухаттат.
4 Яҳё ибни Язид ибни Абдулмалик (вафот: 165 ҳиҷрӣ).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор