Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Аммо баъд: Ба ман чунон расид, ки пӯшидании ту ҷомаҳои борик аст ва хӯрдани нонҳои тунук ва нишастан бар ватъ1 ва бар дар ҳоҷибе банасб, бо он чи дар маҷлиси илм нишастаӣ ва мақсади сафарҳои мардумон шуда ва аз атроф реҳлат сӯи ту аст ва мардумон туро имом сохтаанд ва ба қавли ту розӣ шуда. Пас, эй Молик, бар тақво мудовим бош ва тавозӯъро мулозим. Ва ин аз роҳи насиҳат бинавиштам ва ҳеҷ кас бар он мутталеъ нест, магар Ҳаққ таъоло. Вассалом».

Ва Молик ба вай ҷавоб набишт бар ин ҷумла: «Бисми-л-Лоҳи-р-раҳмони-р-раҳим. Мин Молик ибни Анас ило Яҳё ибни Язид. Саломун алайк. Аммо баъд: номаи ту ба ман расид ва дар шафқату адаб мавқеи насиҳат ёфт. Ҳаққ таъоло туро аз тақво бархӯрдорӣ диҳод ва бад-ин насиҳат, ки фармудӣ ҷазои ту хайр кунод! Ва аз Ҳаққ таъоло тавфиқ мехоҳам ва аз ҳавлу қуввати худ безор мешавам ва ба Худои Алию Азим бозмегардам. Ва аммо он чи ёд кардаӣ, ки ҷомаи борик мепӯшам ва нони тунук мехӯрам ва бар ватъ менишинам ва дар ҳиҷоб мебошам рост аст ва ҳам бар ин ҷумла мекунем ва аз Ҳаққ таъоло омурзиш мехоҳем. Ва Худой – азза ва ҷалла – фармудааст: «Кул ман ҳаррама зи-ната-л-Лоҳи-л-латӣ аҳраҷа лиибодиҳи ва-т-тайиботи мина-р-ризқ»2. Ва ман медонам, ки гузошти он беҳ аз кардани он аст. Ва мукотабатро аз мо мунқатеъ нафармоед, ки мо низ мунқатеъ нахоҳем кард. Вассалом».

Пас, дар инсофи Молик нигар, ки эътироф намуд, ки тарки он беҳтар. Ва фатво дод, ки мубоҳ аст. Ва дар ҳар ду содиқ буд. Ва мисли Молик, чун бо чунон мансабе нафси ӯ мусомаҳат кунад, бад-он чи инсоф диҳад ва дар масали ин насиҳат эътироф намояд, пас қодир ҳам бошад бар он ки нафси худро бар ҳадди мубоҳ нигоҳ дорад, то он вайро боис набошад бар мудоҳанат ва риё ва расидан ба макруҳот. Ва аммо ғайри ӯ бар он қодир набувад. Ва истодан дар мақоми танаъуми мубоҳ хатаре азим дорад ва аз хавфу хашят дур аст ва хосияти уламои Худой хашят аст ва хосияти хашят аз ҷойгоҳи хатар дур шудан.

1 Ватъ – зерандози омодаву нарм.
2 Аъроф, 7:32.

пешина
аз 567
навбатӣ