Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Панҷум он ки аз салотин мункабиз бошад ва албатта барри эшон наравад модом ки роҳи гурез ёбад, бал чунон бояд, ки агар эшон ба хидмати вай оянд [115] аз мухолатати эшон эҳтироз кунад. Чӣ дунё сабзу ширин аст ва зимоми он ба дасти салотин ва мухолати эшон холӣ набошад аз он чӣ такаллуф кунад дар талаби хушнудӣ ва истимолати дилҳои эшон. Ва бар ҳар мутадаййине воҷиб аст инкор кардан бар эшон ва дилҳошон танг гардонидан ба изҳори зулм ва такбеҳи феъли эшон. Ва дар равандаи барри эшон ё ба таҷаммули эшон илтифот намояд ва бад-он сабаб неъмати Худойро бар худ ҳақир донад ва ё аз инкор бар эшон сокит бошад ва бад-он мудоҳин шавад ва ё барои хушнудӣ ва таҳсини ҳоли эшон дар сухан такаллуф кунад ва он дурӯғи сареҳ бошад ва ё тамаъ дорад, ки чизе аз моли эшон бад-ӯ расад ва он ҳаром бувад. Ва дар китоби «Ҳалол ва ҳаром» бихоҳад омад, он чӣ раво бошад аз моли салотин гирифтан ва он чӣ раво набувад аз идророту¹ силоҳ² ва ғайри он. Ва дар ҷумла, мухолатати эшон калиди чанд бадист ва тариқи уламои охират эҳтиёт аст.

Ва Пайғамбар — алайҳи-с-салом — фармудааст: «Ман бадо ҷафан ва мани-т-табаьа-с-сайда ғофала ва ман ато абвоба-с-салотини ифтатана». Ай, ҳар кӣ дар бодия бошад, ҷофӣ шавад ва ҳар кӣ пасравии сайд кунад, ғофил гардад ва ҳар кӣ бар дари султон равад, дар фитна афтад. Ва фармудааст: «Сякуну алайкум умароу таърифуна минҳум ва тункируна, фаман анкара фақад бариа ва ман кариҳа фақад салима, валокин ман разия ва тобаъа абъадаҳу-л-Лоҳу». Ай, бар шумо амироне хоҳад буд, ки корҳои маъруф ва мункар хоҳанд кард, пас ҳар кӣ инкор кунад аз эшон безор бувад ва ҳар кӣ кореҳ бувад саломат ёбад, валекин ҳар кӣ розӣ шавад ва мутобаат намояд, Худой – азза ва ҷалла – вайро ҳалок гардонад. Гуфтанд: «Пас эшонро бикушем?» Фармуд: «Ло, мо саллу». Ай, модом, ки намоз мегузоранд, на.

¹ Идрор — дар форсӣ ба маънои вазифа ва мустамирӣ ва муқаррарии моҳона ва солона ҳам мегӯянд. (Фарҳанги форсии Амид).
² Силот — эҳсонҳо, ҷоизаҳо.

пешина
аз 567
навбатӣ