Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Ва Суфён гуфт: «Дар дӯзах водиест, ки дар он сокин нашаванд ҷуз олимоне, ки бар подшоҳон бисёр раванд». Ва Ҳузайфа гуфт: «Бипарҳезед аз мувофақати фитнаҳо». Гуфтанд: «Мувофақати фитнаҳо кадом аст?» Гуфт: «Дарҳои амирон, яке аз шумо бар амир равад ва ӯро ба дурӯғ тасдиқ кунад ва чизе, ки дар ӯ нест, бигӯяд».

Ва Анас аз Пайғомбар – алайҳи-с-салом – ривоят кард, ки: «ал-Уламоу уманоу-р-русули ало ибоди-л-Лоҳи мо лам юхолиту-с-султон: фаизо фаъалу золика, фақад хону-р-русула фаҳзаруҳум ваътазилуҳум». Ай, олимон аминони пайғамбаронанд бар бандагони Худой, то он гоҳ ки бо султон наёмезанд ва чун биёмехтанд, пайғамбаронро хиёнат карда бошанд, пас аз эшон ҳазар кунед ва дур бошед.

Ва Аъмашро гуфтанд: «Илмро эҳё кардӣ [116] ба сабаби касрати шогирдон, ки аз ту илм меомӯзанд». Гуфт: «Таъҷил макунед, як сулс пеш аз камоли тааллум ба охират раванд ва як сулс султонро лозим гиранд ва эшон батарин халқ бошанд ва аз сулси боқӣ ҷуз андаке растагор набошанд». Ва барои ин Саиди Мусайяб гуфт, ки чун олимро бинед, ки бари умаро меравад, аз ӯ эҳтироз кунед, ки ӯ дузд аст. Ва Авзой гуфт: «Ҳеҷ чиз дар ҳазрати Ҳаққ таъоло багизтар¹ аз олиме нест, ки бари [амире] равад».

Ва Пайғомбар – алайҳи-с-салом – гуфт: «Широру-луламои-л-лазина яътуна-л-умароа ва хиёру-л-умарои-л-лазина яътуна-л-уламоа». Ай, батарин уламо онанд, ки бар амирон раванд ва беҳтарин умаро онанд, ки бар уламо [ихтилоф1 кунанд]. Ва Макҳули Димишқӣ гуфт: «Ҳар кӣ Қуръон биёмӯзад ва дар дин тафаккӯҳ намояд, пас бо султон сӯҳбат кунад аз роҳи тамаллуқ ва тамаъи он чӣ дар дасти ӯст, ба адади гомҳо, ки зада бошад, дар оташи дӯзах хавз2 кунад».

Ва Самнун гуфт: «Чӣ зишт бошад, ки дар маҷлиси олиме оянд ва ӯро наёбанд ва чун аз вай бипурсанд, гӯянд: «Бар амир рафтааст». Ва ҳамӯ гуфт: «Шунида будам, ки чун олим дунёро дӯст дорад, вайро дар дин муттаҳам кунанд, то ин сухан ба таҷриба маро муҳаққақ шуд, ки ҳаргиз бар султон нарафтам, ки пас аз берун омадан бар нафси худ ҳисоб кардам ва бар вай истидроке ёфтам бо он чӣ шумо мебинед, ки ман бо ӯ чӣ дуруштӣ мекунам ва чӣ панд медиҳам ва ҳавои ӯро бисёр мухолиф мебошам ва маа золик, дӯст дорам, ки аз он сар ба сар бираҳам бо он чӣ аз эшон чизе намеситонам ва шарбате ҳам тановул намекунам». Ва пас аз ин сухан гуфт: «Уламои рӯзгори мо батар аз уламои Банӣ Исроиланд, ки бо султон он чӣ рухсат аст ва мувофиқи ҳавои эшон аст мегӯянд. Ва агар аз он чӣ бар ӯ лозим аст ва наҷоти ӯ бад-он манут боз намоянд, эшонро гарон пиндоранд ва дидани эшонро кароҳият доранд ва3 он сабаби наҷоти эшон шавад дар ҳазрати Парвардигор».

Ва Ҳасан гуфт: «Пеш аз шумо марде буд, ки дар ислом қадаме дошт ва бо Пайғомбар ҳаққи сӯҳбате». Ва Ибни Муборак гуфт: «Муроди вай аз ин сухан Саъди Абиваққос аст». Ва чунон иттифоқ афтода буд, ки бо султон мухолафат мекард, пас аз он тақоуд намуд.

пешина
аз 567
навбатӣ