Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
писарони ӯ вайро гуфтанд, ки касе ки дар шарафи сӯҳбати Пайғомбар ва фазилати тақаддуми ислом мусовии ту нест, бо султон ихтилоф мекунад. Агар ту ҳам тариқи инбисот маслук дорӣ аз нафъе холӣ набошад». Гуфт: «Эй писарон, чифае мебинам, ки гурӯҳе гирди он даромадаанд: ба Худой, ки агар тавонам, аз ширкати эшон бипарҳезам». Гуфтанд: «Эй падар, бар ин ҷумла мо аз назорӣ¹ ҳалок шавем». Гуфт: «Мӯъмини назор мирам, дӯсттар аз он дорам, ки мунофиқи фарбеҳ». Ҳасан гуфт: «Ва-л-Лох, ки эшонро ғалаба кард. Чӣ маълум аст, ки хок гӯшту фарбеҳиро нест гардонад ва имон боқӣ монад». [117] Ва дар ин сухан ишоратест, ки муҳолакати султон аз нифоқ холӣ набошад ва он зидди имон аст.
Ва Бӯзар Саламаро гуфт: «Бар дари салотин марав, ки аз дунёи эшон чизе наёбӣ, ки на аз динат беш аз он бишавад». Ва ин хислат уламоро фитнае азим аст ва шайтонро бар эшон василате қавӣ, хосса касеро, ки лаҳҷае мақбул ва сухане ширин дорад, ки шайтон пайваста вайро васваса кунад, ки рафтан бар эшон ва панд додан аз ситам боздорад ва шиори шаръ қоим гардонад, то ба ҳадде, ки эшонро чунон намояд, ки рафтан бар эшон аз дин аст, он гоҳ чун дарравад бе таваққуф дар сухан талаттуф намояд ва мудоҳанат барзад ва дар мадҳу сано ҳавз кунад ва дар он ҳалоки дин бошад.
Ва гуфтаанд, ки уламо чун бидонанд, бар он амал кунанд [ва чун амал кунанд], машғул шаванд ва чун машғул шуданд, мардумон эшонро наёбанд ва чун наёбанд, биталабанд ва чун талабанд, бигурезанд. Ва Умари Абдулазиз ба Ҳасан навишт, ки ишорат кун ба қавме, то аз эшон дар кори Худой ёрӣ хоҳам. Ва Ҳасан ҷавоб фармуд, ки аҳли дин туро нахоҳанд ва аҳли дунёро ту нахоҳӣ, валекин ашрофро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор