Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

кор фармоӣ, чӣ эшон шарафи хешро сиёнат фармоянд аз он чӣ ба хиёнат мулаввас шавад. Ин сухан дар Умари Абдулазиз аст, ки зоҳидтарини аҳли рӯзгори худ буд ва чун шарти дин гурехтан буд аз ӯ, талаби дигаре ва омехтан бо ӯ чӣ гуна рост ояд? Ва ҳамеша аиммаи салаф чун Ҳасан ва Саврӣ ва Ибни Муборак ва Айюб ва Ибни Авн дар баъзе уламои дунё аз аҳли Куфа қадҳ кардандӣ ва Фузайл ва Иброҳими Адҳам ва Юсуфи Асбот дар баъзе уламои Басра ва дар уламои дунё аз аҳли Макка ва Шом сухан гуфтанд1, ё аз барои майл ба дунё ва ё аз барои мухолатати султон, то ба ҳадде, ки яке аз эшон гуфт: «Агар маро пурсанд, ки ҷоҳилтари мардумон кист, дасти қози гираму гӯям: «Ин».

Шашум он ки дар фатво мусораат нанамояд, бал мутавакқиф ва мӯҳтариз бошад, модом ки аз он роҳ халос ёбад. Ва агар суол аз чизе буд, ки онро ба таҳқиқ медонад ба ҳукми насси китоб ё насси ҳадис ё иҷмои ҷалӣ2 фатво диҳад ва агар дар он ба шак бошад гӯяд, ки намедонам ва агар ба занн донад, аз роҳи иҷтиҳод ва тахмин эҳтиёт барзад ва аз худ дафъ гардонад ва ба дигаре ҳавола кунад. Агар муфтӣ бошад ҳазм ин аст, ки тақаллуди3 хатари иҷтиҳод бузург аст.

1 Бар тибқи Шарҳи Забидӣ дар «Куту-л-қулуб» чунин омадааст: «Кона-л-Ҳасан ятакалламу фи баъзи-л-уламои-л-Басра ва язуммуҳум ва кона Абӯҳозим ва Рабиа ал-Маданִיён язуммони уламоа Бани Марвон ва қад кона ас-Саврӣ ва Ибну-л-Муборак ва Аюб ва Ибни Авн ятакалламуна фи баъзи уламои-д-дунё мин аҳли-л-Куфа ва кона-л-Фузайл ва Иброҳим ибн Адҳам ва Юсуф ибн Асбот ятакалламуна фи баъзи уламон-д-дунё мин аҳли Макката ва-ш-Шом. Сипас Забидӣ меафзояд, ки Чунончӣ мушоҳида мешавад, мусанниф насси «Куту-л-қулуб»-ро мухтасар карда ва ин ихтисор музирр аст.
2 Ҷалӣ - рӯшан, ошкору возеҳ.
3 Тақаллуд – шуғл ва мансабе пазируфтан.

пешина
аз 567
навбатӣ