Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Ва дар хабар аст: «Ал-илму саласатун: китобун нотикун ва суннатун қоиматун ва ло адрӣ». Ва Шаъбӣ гуфт: «Ло адрӣ» нимаи илм аст ва ҳар кӣ хомӯш бошад ҷойе, ки надонад, савоби ӯ кам аз он набувад, ки сухан гӯяд. Чӣ эътироф ба нодонӣ [бар] нафс саъбтар аст. Ва одати саҳоба ва салаф ҳамчунин буд. Ва аз Абдуллоҳи Умар чун фатво пурсиданд, гуфт: «Бар амир рав, ки корҳои мардумон тақаллуд намудааст [118] ва дар гардани ӯ кун». Ва Ибни Масъуд гуфт: «Касе, ки ҳар чӣ аз вай бипурсанд ҷавоб гӯяд, девона бошад». Ва ҳамӯ гуфт: «Сипари олим ло адрӣ аст, чӣ агар хато кунад, ба ҳалок анҷомад». Ва Иброҳими Адҳам гуфт: «Ҳеҷ чиз бар шайтон сахттар аз олиме нест, ки гӯёии ӯ ба илм¹ бошад ва хомӯшии ӯ ба илм, гӯяд, ки дар ин бинигаред, ки хомӯшии ӯ бар ман саъбтар аз сухани ӯст». Ва яке аз уламо дар сифати абдол² гуфт, ки хӯрдании эшон фоқид аст ва сухани эшон зарурат; ай, то касе напурсад ҷавоб нагӯянд ва чун бипурсад ва касе бошад, ки ҷавоб кифоят кунад, хомӯш бошанд. Ва пеш аз пурсидан оғози суханро аз шаҳвати ниҳонии сухан шумурданд.

Ва Алӣ – разия-л-Лоҳу анҳу – ва Абдуллоҳ бар марде гузаштанд, ки сухан мегуфт бар мардумон. Фармуданд, ки ӯ ба забони ҳол мегӯяд, ки маро бишиносед. Ва баъзе аз эшон гуфтаанд, ки олим он аст, ки чун аз вай масъалае пурсанд чунонастӣ, ки дандони вай қалъ мекунанд, ай, аз хатари ҷавоб мутааллим³ шавад. Ва Ибни Умар гуфт, ки

¹ Ба илм – аз рӯи илм.
² Ҷамъи бадал ва бадил, мардуми шарифу солеҳу некӯкор, мардони Худо. Ва дар истилоҳи мутасаввифа: абдол ё риҷолулғайб яке аз табақоти авлиё ва хоссони Худо ҳастанд, ки замин ҳеҷ гоҳ аз онон холӣ нест, аммо дар миёни мардум шинохта намешаванд, иддае ононро ҳафт ё ҳафтод тан гуфтаанд ва ҳар гоҳ яке аз онон бимирад, Худованд дигареро ба ҷои ӯ барангезад. (Фарҳанги форсии Амид).
³ Мутааллим – дардманд, дарднок, афсурда.

пешина
аз 567
навбатӣ