Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

мехоҳед, ки моро пуле созед ва бар мо бигузаред ва ба дӯзах равед? Ва Бӯҳафси Нишопурӣ гуфт: «Олим он аст, ки вақти суол битарсад аз он ки рӯзи қиёмат вайро гӯянд: «Ҷавоб аз куҷо гуфтӣ?» Ва Иброҳими Таймиро1 чун масъалае пурсиданд, бигиристӣ ва гуфтӣ: «Ҷуз ман касе наёфтед, то ба ман мӯҳтоҷ гаштед?» Ва Булъолияи Риёҳӣ ва Иброҳим ва Саврӣ ва Ибни Адҳам2 бар ду кас ва се кас ва гурӯҳе андак сухан гуфтандӣ ва чун бисёр шудандӣ, бозгаштандӣ.

Ва Пайғамбар гуфт: «Мо адрӣ а Узайрун набиюн ам ло ва мо адрӣ а Туббаун мальунун ам ло ва Зулқарнайни набиюн ам ло». Ва Пайғамбарро аз беҳтарини биқоъ ва батарини он пурсиданд, гуфт: «Ло адрӣ». То он гоҳ ки Ҷабраил биёмад, аз вай пурсид. Ҷибраил низ гуфт: «Ло адрӣ». То он гоҳ ки Ҳаққ таъоло вайро илм дод, ки беҳтарини биқоъ масҷид аст ва батарин бозор.

Ва даҳ масъала аз Ибни Умар пурсидандӣ, якеро беш ҷавоб нагуфтӣ ва аз нӯҳ хомӯш будӣ. [Ва Ибни Аббос нӯҳро ҷавоб гуфтӣ ва аз яке хомӯш будӣ.] Ва дар фуқаҳо касоне буданд, ки «надонам» беш аз он гуфтандӣ, ки «донам», аз эшон Суфёни Саврӣ буд ва Молики Анас ва Аҳмади Ҳанбал ва Фузайли Иёз ва Бишри Ҳорис. Ва Абдурраҳмон ибни Абилайло гуфт: «Саду бист касро аз асҳоби Пайғамбар – алайҳи-с-салом – дар ин масҷид3 дарёфтам, аз ҳеҷ кас аз эшон ҳадисе ё фатвое напурсидандӣ, ки нахостӣ, ки дигаре ҷавоби он бигӯяд». Ва дар ривояти дигар бар ин ҷумлат аст: [чун ба] яке аз эшон масъалае арз доштандӣ, ӯ ба дигарӣ ҳавола фармудӣ ва дуввумин ба севвумин ва ҳам

___________________ 1 Иброҳим ибни Язид ибни Шарики Таймӣ аз зуҳод.
2 Дар матни арабӣ: Абулъолияту-р-Риёҳӣ ва Иброҳим ибн Адҳам ва-с-Саврӣ. Ва дар Шарҳи Забидӣ монандӣ матн омада ва зоҳиран мурод аз Иброҳим Иброҳими Таймӣ аст.
3 Шарҳи Забидӣ: ай, би-л-Мадина.

пешина
аз 567
навбатӣ