Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

бар ин ҷумла то ба аввалин бозгаштӣ. Ва омадааст, ки сирбирёне бар яке аз асҳоби Суффа оварданд [119] дар ҳоле, ки дар ғояти бебаргӣ буданд, ӯ бар дигаре фиристод ва он дувумин бар севвумин ва ҳамчунин то ба аввалин бозрасид.

Пас бинигар, ки кори уламои имрӯз чӣ гуна мунъакис1 шудааст: он чӣ аз он гурехтанд, онро металабанд ва он чӣ онро талабиданд, аз он мегурезанд. Ва шоҳид ин ки эҳтироз аз тақаллуди фатво некӯст. Қавли Пайғомбар аст, ки гуфтааст: «Ло юфти-н-носа илло салосатун: амирун ав маъмурун ав мутакаллифун». Фатво надиҳанд мардумонро, магар се кас: яке амир, ки мутақаллиди кори эшон аст, дувум касе, ки маъмур бошад аз ҷиҳати амир то ионат кунад ва севвум мутакаллифе, ки бе мӯҷиб худро дар хатар андозад.

Ва баъзе аз эшон гуфтаанд, ки саҳоба дар чаҳор чиз тадофӯъ2 карданд: амонат ва вадиат ва васият ва фатво. Ва баъзе аз эшон гуфтаанд: «Мусореътари эшон дар фатво комилтари эшон будӣ ва мудофеътари эшон фатворо парҳезгортари эшон». Ва саҳоба ва тобеин ба панҷ чиз машғул будандӣ: хондани Қуръон ва иморати масҷидҳо ва зикри Худой ва амри маъруфу наҳйи аз мункар. Бад-он чӣ аз Пайғомбар – алайҳи-с-салом – шунида буданд: «Куллу калом-и-бни одама алайҳӣ ло лаҳу илло салосан: амрун бимаъруфин ав наҳйюн ани-л-мункари ав зикру-л-Лоҳи таъоло».

Ва Ҳаққ таъоло гуфтааст: «Ло хайра фӣ касӣрин мин наҷвоҳум илло ман амр бисадақатин ав маъруфин ав ислоҳин байна-н-нос»3. Яке аз уламо дар хоб дид яке аз асҳоби раъйи Куфаро ва гуфт: «Аз он чӣ умр дар он гузарондӣ аз фатвову раъй чӣ дидӣ?» Рӯй турш кард ва эъроз намуд гуфт: «Онро чизе наёфтам ва оқибати он сутуда на-

1 Мунъакис – маъкус.
2 Тадофӯъ – ҳавола кардан, якдигарро муқаддам доштан.
3 Нисо, 4:114.

пешина
аз 567
навбатӣ