Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
буд». Ва Ибни Ҳасин гуфт: «Яке аз эшон фатво медиҳад дар масъалае, ки агар бар Умар овардандӣ, аҳли Бадрро барои он ҷамъ кардӣ». Пас, хомӯшӣ ҳамеша одати аҳли илм будааст, магар вақти зарурат.
Ва дар хабар аст: «Изо раайтуму-р-раҷула қад утия самтан ва зуҳдан фақтарибу минҳу фаиннаҳу юлқа-лҳикмата». Чун мардро ба хомӯшӣ ва зуҳд ороста бубинед бад-ӯ тақарруб намоед, ки ӯро ҳикмат додаанд. Ва гуфтаанд уламо ду қисманд: яке уламои омма ва эшон муфтиён ва асҳоби асотинанд1 ва дуввум уламои хосса, ки эшон уламои тавҳид ва корҳои диланд. Ва чунин гуфтанд, ки Аҳмади Ҳанбал чун Даҷла аст, ки ҳар кас аз вай об барад ва Бишри Ҳорис чун ҷоҳе азби пӯшида, ки ҷуз оҳод қасди он накунанд. Ва чунин гуфтанд, ки фулон олим аст ва фулон сухангӯй ва фулон сухан бештар гӯяд ва фулон илм бештар донад. Ва Бӯсулаймон [120] гуфт: «Маърифат ба хомӯшӣ наздиктар аз он аст, ки ба гӯяндагӣ». Ва баъзе аз эшон гуфтаанд: «Чун илм бисёр бошад, сухан андак бувад».
Ва Салмон набишт ба Бӯдардо — ва Пайғомбар миёни эшон аҳди муохот баста буд — «Эй бародар, ба ман чунон расид, ки туро ба табибӣ нишондаанд ва беморонро муолаҷат мекунӣ. Пас бинигар, агар табибӣ сухани ту шифо бошад ва агар мутатаббибӣ, аз Худой битарс, дар куштани мусулмонон саъӣ макун». Ва Бӯдардо пас аз хондани ин нома дар ҷавоби масоил таваққуф намудӣ.
Ва Анасро чун пурсидандӣ, гуфтӣ: «Мавлоно Ҳасанро пурсед». Ва ҳамчунин Ибни Аббос ба Ҷобир ҳавола
фармудӣ ва Ибни Умар ба Саид ибни Мусайяб. Ва омадааст, [ки] яке аз саҳоба дар ҳузури Ҳасан бист ҳадис ривоят
1 Асотин — (ҷамъи устувона), сутунҳо. Дар Шарҳи Забидӣ:
(асҳобу-л-асотин) ва ҳия саворӣ (ҷамъи сория, сутунҳо) ал-масҷид.
Дар нусхаи Маҷлис асҳоби салотин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор