Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
замин аз касе, ки ба ҳуҷҷати Ҳаққ таъоло қиём намояд, холӣ набошад – ё зоҳири макшуф ва ё тарсони мақҳур – то ҳуҷаҷ ва баййиноти Илоҳӣ ботил нашавад. Ва эшон чанданд ва куҷоанд, дар адад андактар аз ҳамаанд ва дар мартаба бузургтар аз ҳама, шахсҳои эшон мафкуд аст ва мислҳои эшон дар дил мавҷуд. Ҳаққ таъоло ҳуҷҷатҳои худ бад-эшон маҳфуз медорад, то онро ба акфои худ расонанд ва дар дилҳои амсоли худ ниҳол кунанд; илм эшонро ба ҳақиқат расонидааст ва роҳати нафсро дарёфтаанд ва нарм донистаанд онро, ки анбордагон дурушт мепиндоранд ва унс гирифтаанд бо он чӣ ғофилон аз он ваҳшат доранд; бо дунё сӯҳбат кардаанд ба танҳои, ки ҷонҳои он ба маҳалли аъло мутааллиқ аст, эшон авлиёи Худоянд ва уммоли Ӯ дар замини Ӯ ва даъваткунандагон ба дини Ӯ». Ва чун сухан бад-ин ҷо расид бигирист ва шавқе бисёр ба дидани эшон зоҳир гардонид.
Пас он чӣ дар охир ёд фармудааст, сифати уламои охират аст ва он илмест, ки самараи амал ва мувозабат аст дар муҷоҳада [124].
Ҳаштум он ки инояти Ӯ дар тақвияти яқин бағоят қавӣ бошад, чӣ яқин сармояи дин аст. Қола – алайҳи-с-салом: «ал-Яқину ал-имону куллуҳу». Ва аз омӯхтани илми яқин чора набошад, аз авоили он бибояд омӯхт, пас тариқи он дар дил кушода шавад. Ва барои он Пайғомбар – алайҳи-с-салом – гуфт: «Таъалламу-л-яқина». Аӣ, ҳамнишини аҳли яқин бошед ва илми яқинро аз эшон бишунавед ва дар иқтидои бад-эшон мувозабат намоед, то яқини шумо қавӣ шавад, чунон ки яқини эшон шудааст. Ва андаке аз яқин беҳ аз бисёри амал.
Ва [чун] Пайғомбарро гуфтанд: «Марде некӯяқин бисёргуноҳ аст ва марде камякин – муҷтаҳид дар ибодат»,
1 Акфоъ – ҳаммолон, акрон, ҳамонандон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор