Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
фармуд: «Ва мо мин одамийин илло валаҳу зунубун, валокин ман кона ғаризатуҳу-л-ақл ва сачийятуҳу-л-яқин лам тазурруҳу-з-зунубу лианнаҳу кулламо азнаба тоба ва-стағфара ва надима фатукфару зунубуҳу ва ябқо лаҳу фазлун ядхулу [биҳи]-л-ҷанната». Ай, ҳеҷ одаме нест, ки на вайро гунохест, валекин ҳар кӣ ғаризати ӯ ақл ва сачийяти ӯ яқин бошад, гуноҳ вайро зиён надорад, чӣ ҳар гоҳ, ки гуноҳ кунад, ба тавбаву истиғфор ва пушаймонӣ паноҳад ва гуноҳи вай бад-он мукаффар2 шавад, фазле вайро боқӣ монад, ки бад-он дар биҳишт равад.
Ва барои ин Пайғомбар – алайҳи-с-салом – гуфт: «Мин ақалли мо утийтуму-л-яқину ва азимату-с-сабри ва ман уътия ҳаззуҳу минҳумо лам юбли мо фотаҳу мин қиёми-л-лайли ва сиёми-н-наҳори». Ай, аз он чизҳо, ки шуморо андактар додаанд, яқин ва азимати сабр аст ва ҳар кӣ насиби худ аз ин ду биёфт вайро аз он чӣ фавт шавад, аз қиёми шабу сиёми рӯз боке набвад.
Мутарҷим мегӯяд: «Яқин аз қуввати назар бошад ва азимати сабр аз қуввати амал. Ва ақлро ин ду қувват аст ва ба иҷтимои ин ҳар ду камоли одамӣ ҳосил ояд».
Ва дар васияти Луқмон аст, ки писарро гуфт: «Эй писар, иститоати амал ҷуз ба яқин набошад ва мард кор накунад ҷуз ба андозаи яқини худ ва дар амал тақсир наравад, то яқин кам нашавад».
Ва Яҳёи Муоз гуфт: «Тавҳидро нурест ва ширкро оташе ва нури тавҳид бадиҳои муваҳҳидонро сӯзандатар аз он аст, ки оташи ширк некиҳои мушриконро». Ва ба нури тавҳид яқин хостааст. Ва Қуръон чанд ҷой асҳоби яқинро ёд кардааст, ки он далел аст, ки яқинро робиtai ҳайрот ва саодот аст.
1 Сачийят – хӯлқ, хӯй, табиат.
2 Такфир – даргузаштан аз гуноҳ («Тарҷумон»-и Одили Ҷурҷонӣ).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор