Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Суол: Маънии яқин чист ва қуввату заъфи он чӣ бошад? Ки чора нест аз он чи ӯро фаҳм карда шавад, пас талабида ва омӯхта ояд, чи он чи сурати он мафҳум нашавад, талаби он мумкин нагардад.

Ҷавоб: Яқин лафзе муштарак аст, ки ду фариқ онро бар ду [125] маънии мухталиф итлоқ мекунанд:

Аҳли назар ва мутакаллимон адами шаккро мегӯянд, чи майли нафсро ба тасдиқи чизе чаҳор мақом аст:

Аввал он ки тасдиқу такзиб баробар бувад ва инро шакк хонанд, чунон ки туро аз шахсе муайян пурсанд, ки Ҳаққ таъоло вайро уқубат фармояд ё на? Ва ӯ наздики ту маҷҳулулҳол бувад ва нафси ту на ба исбот майл кунад, на ба нафӣ, бал имкони ҳар ду ҳукм ба наздики ту баробар бошад ва ин шакк аст.

Дуввум он ки нафси ту ба яке аз ин ду ҳукм майл кунад, бо он ки имкони нақизи он ҳам бидонӣ, валекин имконе, ки монеи тарҷеҳи аввал набувад, чунон ки туро аз марде, ки вайро ба салоҳу тақво шиносӣ, бипурсанд, ки агар дар ин ҳол бимирад, вайро уқубат бошад ё на? Ҳаройина майли нафси ту ба нафии уқубат беш аз он бошад, ки ба исботи он. Чи аломоти салоҳ зоҳир аст ва маа золик муҷаввиз бошӣ, ки дар ботини ӯ коре бувад, ки мӯҷиби уқубат бошад ва бар ту пӯшида монад. Ва ин таҷвиз дар муқобалаи он майл аст, валекин руҷҳон онро дофеъ нест ва ин занн аст.

Севвум он ки майли нафс ба тасдиқ ғолиб бошад ва нақизи он дар хотир на ва агар дар хотир ояд нафс онро қабул накунад, [валекин он] ҳол аз маърифате муҳаққақ набувад. Чи агар соҳиби он мақом некӯ тааммул кунад ва гӯш ба ташкик ва таҷвиз дорад, таҷвизи онро дар нафси худ ҳам маҷоле бинад ва ин эътиқоде муқориби яқин аст. Ва эътиқоди авомм дар кулли шаръиёт ин аст, чи дар дилҳои эшон ба муҷарради шунидан росиҳ шудааст, то ба

пешина
аз 567
навбатӣ