Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ҳадде, ки ҳар гурӯҳе ба сиҳҳати мазҳаб ва исобати пешво ва матбӯи худ восиқ аст ва агар бо яке аз эшон имкони хатои пешвои ӯ бигӯӣ, аз қабули он бирамад.
Чаҳорум: Маърифати ҳақиқат аз бурҳоне, ки дар он ҳеҷ шакк набошад, ҳосил шавад ва ташкик дар он сурат набандад. Ва чун вуҷуди имкони шакк мумтанеъ бошад, мутакаллимон онро яқин хонанд. Ва мисоли ӯ он аст, ки агар оқилеро гӯйӣ, ки дар вуҷуд чизе қадим ҳаст, [ки] тасдиқи он бар бадеҳа мумкин нагардад, чи қадим номаҳсус аст ва чун хуршеду моҳ нест, ки ҳис ба вуҷуди он тасдиқ кунад? Ва илм ба вуҷуди чизе қадими азалӣ зарурӣ нест, чун илм бар он чи ду беш аз якест, бал чун илм бад-он чи ҳудуси ҳодис бе сабабе муҳол аст, чи ин низ зарурӣ аст. Ва ҳаққи ғаризати ақл он аст, ки аз тасдиқ ба вуҷуди қадим бар сабили бадеҳа таваққуф намояд. Пас, касе бошад, ки онро бишунавад ва ба сабаби шунидан тасдиқе ҷазм кунад ва бар он истимрор намояд ва он эътиқод бошад ва ҳоли ҳамаи авом ин аст. Ва касе бошад, ки онро ба бурҳон тасдиқ кунад ва он чунон бошад, ки гӯянд: «Агар дар вуҷуд қадим набошад, ҳамаи мавҷудот ҳодис бувад ва агар ҳамаи мавҷудот ҳодис бошад — иммо ҳама бе сабабе ҳодис шуда бошад ва иммо чизе бошад дар он, ки ҳудуси ӯ бе сабабе бувад — ва он муҳол аст [126] ва ҳар чӣ ба муҳол адо кунад¹, муҳол бошад. [Ва ин истилоҳи аввал аст].
Пас, тасдиқ ба вуҷуди чизе қадим ақлро лозим ояд ба зарурат, бад-он чи ақсом се аст: ё ҳамаи мавҷудот қадим аст ё ҳама ҳодис ё баъзе қадим ва баъзе ҳодис. Агар ҳама қадим аст, матлуб ҳосил шуд, чи дар ҷумла қадиме собит шавад. Ва агар ҳама ҳодис аст муҳол бошад, чи муаддӣ бошад ба ҳудуси бе сабаб. Пас қисми севвум ё қисми аввал собит шавад. Ва ҳар илме, ки бад-ин ваҷҳ ҳосил шавад онро яқинӣ хонанд хоҳ ба назар ҳосил шавад, чунон ки ёд
1 Адо кунад – мунҷар шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор