Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
кардем, хоҳ ба ҳис ё ба ғаризати ақл. Чун донистани он ки ҳодис бе сабабе муҳол аст ё ба тавотур чун донистани вуҷуди Макка, ё ба таҷриба чун донистани он ки [сақму-ниёӣ]1 матбух мусҳил аст, ё ба далел чунон ки ёд кардем.
ПАС, шарти итлоқи [ин] исм наздики эшон адами шакк аст ва ҳар илме, ки дар ӯ шакк набувад, наздики эшон яқи-нӣ бошад. Ва бар ин эътибор яқинро ба заъф сифат наку-нанд, чи дар нафъии шакк тафовут набошад.
Истилоҳи дуввум фуқаҳо ва суфиён ва бештари ула-морост. Ва он чунон аст, ки таҷвизи шаккро эътибор наку-нанд, бал истило ва ғалабаро бар дил мӯътабар доранд, то ба ҳадде, ки гӯянд: «Фулон дар марг «заиф-яқин» аст, бо он чи дар он ҳеҷ шакке надорад ва ба шакк набошад». Ва гӯянд: «Фулон дар расидани рӯзӣ «қуввати яқинӣ» дорад, бо он чи нарасидани он ҷоиз аст». Пас, ҳар гоҳ ки нафс ба тасдиқи чизе моил шавад ва он бар дил ғолиб ва муставлӣ гардад, то ба ҳадде, ки дар нафс ба манъ ва таҳриз таҳақ-кум ва тасарруф кунад, онро «яқин» гӯянд. Ва шакк нест дар он ки ҳамаи одамиён шариканд дар он чи ба марг қо-теанд ва дар он ҳеҷ шакке надоранд, валекин касе ҳаст, ки ба марг ва истеъдод барои он ҳеҷ илтифот накунад ва чунонастӣ, ки бад-он имон надорад. Ва касе ҳаст, ки он бар дили ӯ муставлӣ аст ва ҳиммати ӯ мустағриқи он аст, чу-нон ки чизе дигарро дар он маҷоле намондааст ва мисли он холро «қуввати яқин» мегӯянд. Ва барои он баъзе аз эшон гуфтанд: «Яқине бе шакк монандатар ба шакке бе яқин аз марг надидам». Ва бар ин истилоҳ яқинро [ба] заъфу қув-ват сифат кунанд. Ва он чи мо гуфтем, ки инояти уламои охират ба тақвияти яқин масруф бошад, яқин [ба] ҳар ду маъно хостаем ва он нафии шакк аст ва муставлӣ кардани
- Сакмуниё - маҳмуда, яке аз гунаҳои нилуфар, ки аз решаи самғи ба номи Эскомуна ба даст меояд, ки мусҳили бисёр қавӣ аст. Ин иборат аз калимаи юнонӣ Skammonia гирифта шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор