Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
он [яқин] бар нафс [то ӯ] ғолиби мутаҳаққим бошад ва ӯ тасарруф кунад.
Ва чун ин маъNӣ фаҳм кардӣ, муроди мо аз ин чӣ гӯем «яқин ба эътибори қуvвату заъф ва қиллату касрат ва ҷазову хафо се қисм аст», бидонӣ.
Аммо қуvвату заъф бар истилоҳи дуvвум бошад ва он дар ғалаба ва истилои он бар дил натавонад буд. Ва дараҷоти қуvват ва заъф номутаноҳӣ аст ва тафовути дараҷоти халқ дар истеъдод ба ҷиҳати марг бар ҳАСби тафовути яқини эшон аст дар ин маонӣ.
Ва аммо тафовути хафову ҷало дар чизе, ки таҷвизро дар он маҷол бошад ва он истилоҳи [127] дуvвум аст, рӯшан аст ва дар чизе, ки шакк набошад, ҳам инкор натавон кард, чӣ фарқе дарметавон ёфт миёни тасдиқ ба вуҷуди Макка ва ба вуҷуди Фадак ва тасдиқ ба вуҷуди Мӯсо ва вуҷуди Юшаъ бо он чӣ дар ҳар ду шакк нест. Чӣ ҳар ду аз тавотур маълум шудааст, валекин яке аз эшон дар дил рӯшантару возеҳтар аз дуvвум аст, чӣ сабаби он қавитар аст ва он касрати мухбирон аст. Ва ҳамчунин аҳли назар дар назариёт, ки ба адилла маълум шавад, фарқе медонанд, чӣ он чӣ ба далелҳои бисёр маълум шавад возеҳтар аз он бувад, ки ба як далел маълум гардад, бо он чӣ ҳар ду дар наfийи шакк баробар бошанд. Ва мутакаллиме, ки илм аз китоб ва самоъ гирад ва дар он чӣ идрок кунад аз тафовути [ҳолҳо], ба нафси худ руҷӯъ нанамояд, бошад ки инро мункир шавад.
Ва аммо бисэриву андак ба бисёрии мутааллиқоти яқин бошад, чунон ки гӯянд: «Фӯлон бешилмтар аз фӯлон аст», ай маълумоти ӯ бештар аст. Пас ҳамчунин бошад, ки олим дар кулли он чӣ шаръ бад-он ворид шудааст, қуvвати яқинӣ дорад ва бошад, ки дар баъзе [ин пурсиш пайдо шавад].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор