Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Суол: Яқин ва қуввату заъф ва касрату қиллат ва хафову ҷалои он ба маънии нафийи шакк ва ба маънии истилои он бар дил фаҳм кардам. Акнун баён бояд кард, ки мутааллиқот ва маҷории яқин кадом аст ва дар кадом чиз яқин мебояд талабид? Чӣ ман то надонам, ки яқин дар кадом чиз матлуб аст, талаб натавонам кард.

Ҷавоб: Бидон, ки он чӣ анбиё овардаанд аз аввал то охир аз маҷории яқин аст. Ва яқин маърифате махсусро гӯянд ва мутааллиқи он маълумотест, ки шариатҳо бад-он ворид шудааст. Ва шумори он тамаъ натавон дошт, валекин ишорате кунам ба баъзе уммаҳоти он ва аз он ҷумла:

Яке. Тавҳид аст, ки ҳамаи чизҳо аз мусаббиби асбоб донад ва ба васоит илтифот накунад, бал воситаро мусаххар бинад ва донад, ки ҳукм ӯро нест. Ва мусаддиқ бад-ин маъни мӯъмин бувад. Ва агар бо ин имон шаккро дар дили ӯ имконе намонад, ӯ ба як маъни соҳиби яқин бошад! Ва агар бар дил ғолиб шавад, чунон ки хашми бар васоит ва ризо ва шукри аз эшон¹ зоил кунад ва васоитро дар дил ба масобати қалам ва даст донад ба нисбати тавқеъкунанда – чӣ қаламу дастро ба ҳусули тавқеъ шукр нагӯяд ва ба адами ҳусули он бар эшон дар хашм нашавад, бал эшонро олат ва восита донад – ба маънии дуввум соҳиби яқин бошад. Ва ин шарифтар аст ва самараи яқини аввал ва рӯҳ ва фоидаи он аст.

Ва ҳар гоҳ ба ҳақиқат бидонад, ки хуршеду моҳу ситорагон ва ҷимоду наботу ҳайвон ва ҳар махлуқ, ки ҳаст ҳама мусаххари амри Борӣ таъолоанд – чунон ки қалам мусаххари дасти нависанда аст – ва қудрати азалӣ масдари ҳама аст, таваккулу ризо ва таслим бар вай ғолиб шавад ва аз хашму кина ва бадхоҳиву бадхӯйӣ безор гардад. Ва ин яке аз абвоби яқин аст.

Дуввум. Восиқ будан ба замони Ҳаққ таъоло рӯзиро,

¹ Аз васоит.

пешина
аз 567
навбатӣ